Қирғизистон сарҳадро барои донишҷӯёни тоҷик боз кард

Девони вазирони Қирғизистон имрӯз сарҳадро барои донишҷӯён аз Тоҷикистон боз кард. Дар ин бора муовини раиси Девони вазирон Эдил Байсалов дар “Твиттер” навишт, хабар медиҳад Радио Азаттык. Иҷозаи вуруд ба донишҷӯёни хориҷии макотиби олии Қирғизистон яке аз тасмимҳои аввали Девони вазирони нави ин кишвар мебошад. Ифтитоҳи сарҳад барои донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки дар макотиби олии […]

Девони вазирони Қирғизистон имрӯз сарҳадро барои донишҷӯён аз Тоҷикистон боз кард. Дар ин бора муовини раиси Девони вазирон Эдил Байсалов дар “Твиттер” навишт, хабар медиҳад Радио Азаттык.

Иҷозаи вуруд ба донишҷӯёни хориҷии макотиби олии Қирғизистон яке аз тасмимҳои аввали Девони вазирони нави ин кишвар мебошад.

Ифтитоҳи сарҳад барои донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки дар макотиби олии мо таҳсил мекунанду пули пойдори дӯстӣ ва хамфикрии байни халкхои бародари мо маҳсуб меёбанд,  яке аз қарорҳои аввалини Девони Вазирон аст. #freekg

Гуфта мешавад, Вазорати маориф ва Девони вазирони Қирғизистон ҳоло дар бораи ин қарор расман хабар надодаанд.

Қобили зикр аст, ки пас аз низои мусаллаҳона Қирғизистон сарҳадҳояшро баста, садҳо донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба мактабҳои олии ин кишвар баргашта натавонистанд.

Чанде пеш зиёда аз 100 донишҷӯйи тоҷики макотиби олии Қирғизистон, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанд, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки тақрибан ду моҳ мешавад тариқи онлайн таҳсил мекунанд.

Онҳо зикр карданд, ки барои ҳалли масъала ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон муроҷиат намудаанд, то ба мушкилашон расидагӣ намоянд.

«Мо ба Вазорати маорифи кишварамон муроҷиат намудем. Онҳо омодаанд моро дар донишкадаҳои худамон қабул намоянд, вале як курс поён бояд таҳсил намоем. Барои мо хубтар аст дар ҳамон курси худ бихонем. Чун дар Тоҷикистон як соли дигар иловатан бояд таҳсил кунем», – мегӯянд онҳо.

Дар сафорати Қирғизистон ба ин донишҷӯён гуфтаанд, ки бояд ин мушкил ҳалли худро пайдо намояд, вале кай то ҳол маълум нест.

Ба гуфтаи донишҷӯёни тоҷик, гарчанде омӯзгорону ҳамкасбонашон аз Қирғизистон онҳоро дастгирӣ мекунанд, вале онҳо наметавонанд муддати тӯлонӣ тариқи онлайн дарс бихонанд. Махсусан барои донишҷӯёне, ки бештарашон дар факултаҳои тиббӣ таҳсил мекунанд.

Қирғизистон 29 май пас аз як моҳи низоъ дар сарҳад, якҷониба сарҳадашро бо Тоҷикистон баст. Донишҷӯён имкон надоштанд, ки барои идомаи таҳсил ба ин кишвар раванд. Бархе аз онҳо ба макотиби олии Тоҷикистон гузашта, лекин қисмате аз онҳо бо сабабҳои гуногун таҳсилашонро дар ватан идома дода натавонистанд.

Тибқи маълумоти Вазорати маорифи Қирғизистон, дар соли хониши 2020/2021 дар мактабҳои олии ин кишвар 1932 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.