Чаро орд қимат шуд? Шарҳи Вазорати кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, омили аслии баландшавии нархи орд камбориш омадани сол ва кам шудани ҳосили гандум дар кишварҳои воридкунандаи гандум, аз ҷумла Қазоқистон мебошад. Онҳо ваъда додаанд, ки ба арзон нигоҳ доштани орд талош мекунанд. Масъули Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, Тоҷикистон танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин […]

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, омили аслии баландшавии нархи орд камбориш омадани сол ва кам шудани ҳосили гандум дар кишварҳои воридкунандаи гандум, аз ҷумла Қазоқистон мебошад. Онҳо ваъда додаанд, ки ба арзон нигоҳ доштани орд талош мекунанд.

Масъули Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, Тоҷикистон танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд, боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад.

Як моҳи охир нархи орд Тоҷикистон боло рафта, як халтаи 50 килограммии он ба 270-280 сомонӣ расидааст.

Тоҷикистон мегӯяд, гандуму орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90%) ва Россия ворид карда мешаванд.

– Имсол бинобар камбориш омадани сол дар ин кишварҳо ҳосили гандум кам гардидааст, ки ин яке аз омилҳои асосии баландшавии нархи орд мебошад, – гуфтааст намояндаи Вазорати кишварзӣ.

Ба иттилои ин ниҳод, ба ҳолати 10 октябри соли равон дар мамлакат 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад. Талаботи солонаи бозори дохилӣ ба орд ҳудуди бештар аз 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз 1 тонна гандум вобаста ба навъи он мутаносибан аз 500 то 900 килограмм орд истеҳсол карда мешавад.

Аз ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, онҳо ҷиҳати пешгирии баландшавии нархи орду гандум, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нақшаи тадбирҳо тартиб дода, барои иҷрои онҳо вазорату идораҳои марбуттаи кишвар муваззаф гардидаанд.

Болоравии нархи орд, ки маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ барои сокинони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тайи чанд моҳи охир дар ҳоли афзоиш аст.

Фақат орд нест, ки чанд моҳи охир нархаш боло меравад. Нархи сӯзишворӣ шурӯъ аз аввали сол баланд меравад. Мақомот сабаби гарон шудани маводи сӯхтро, гарон шудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ гуфтанд. Баъди боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва орд, акнун роҳкиро ҳам дар кишвар қимат мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.