Покистон ба Афғонистон 29 млн доллар кумак ваъда кардааст

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ дар гуфтугӯ бо Мулло Муҳаммад Ҳусайн Охунд, нахуствазири ҳукумати Толибон  ваъда додааст, ки ба Толибон 5 млрд рупияи Покистонӣ мусовӣ ба 29 млн $ кӯмак хоҳад кард. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар ин бора хабар додааст. "Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ имрӯз дар Кобул дар дидор […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ дар гуфтугӯ бо Мулло Муҳаммад Ҳусайн Охунд, нахуствазири ҳукумати Толибон  ваъда додааст, ки ба Толибон 5 млрд рупияи Покистонӣ мусовӣ ба 29 млн $ кӯмак хоҳад кард. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар ин бора хабар додааст.

"Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ имрӯз дар Кобул дар дидор бо масъулони Имороти исломӣ ваъдаи кӯмаки 5 млрд рупия ба Афғонистон кард".- навиштааст сухангӯи Толибон дар Твиттераш.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон бо вазири корҳои хориҷии Покистон дар робита ба тиҷорат, мушкилоти транзитӣ, чолишҳои муҳоҷирон ва густариши робитаи хуб низ сӯҳбат кардаанд.

Кумакҳои Покистон дар ҳолест, ки то кунун ин давлат ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Қобили зикр аст, ки Ин дуюмин сафари ҳайати Покистон ба Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон аст.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ вазири корҳои хориҷии Покистон дирӯз бо як ҳайати баландпояи Покистон вориди Афғонистон шуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.