Тоҷикистон аз ташаббуси шиносномаҳои зиддиковидӣ дар ИДМ ҷонибдорӣ мекунад

Тоҷикистон ташаббуси эътирофи шиносномаҳои зиддиковидиро дар кишварҳои ИДМ мусбат арзёбӣ намуда, ба баррасии ин масъала омода аст. Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ҷумҳурӣ ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, эътирофи мутақобилаи шиносномаҳои зиддиковидиро дар кишварҳои ИДМ мусбат арзёбӣ мекунад. “Мо […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Тоҷикистон ташаббуси эътирофи шиносномаҳои зиддиковидиро дар кишварҳои ИДМ мусбат арзёбӣ намуда, ба баррасии ин масъала омода аст.

Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ҷумҳурӣ ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, эътирофи мутақобилаи шиносномаҳои зиддиковидиро дар кишварҳои ИДМ мусбат арзёбӣ мекунад.

“Мо ба баррасии ин масъала ва қабули санадҳои дахлдор дар ин хусус омодаем”, – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон котиботи ИДМ механизмеро таҳия карда истодааст, ки ба амалисозии ин расмиёт кумак мекунад.

Ҷаъфаров таъкид дошт, ки шиносномаи зиддиковидӣ ҳамон гувоҳнома (сертификат) дар бораи тасдиқи ваксина гирифтан аст, ки ҳозир амал мекунад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки шиносномаҳои зиддиковидӣ натанҳо ба муҳоҷирони корӣ, балки ба дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар мекунанд, низ дода мешавад.

“Ин маънои онро дорад, ки сарфи назар аз муҳоҷир ё корманди ба сафари хидматӣ равона будан, ҳамаи шахсони аз кишвар хориҷмешуда бояд ин шиносномаро дошта бошанд”, – илова кард Ҷаъфаров.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи гузаронидани ваксина дар Тоҷикистон аз 22 марти соли равон оғоз шуд. Вазири тандурустӣ ва муовини ӯ, инчунин намояндаи UNICEF дар Тоҷикистон аз аввалинҳо буданд, ки ваксина гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки то ин дам қариб 45%-и аҳолии Тоҷикистон воя (доза)-и якум ва 36%-и аҳолӣ пурра ду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.