Чемпионати ҷаҳон барои боксчиёни тоҷик ба охир расид

Варзишгарони тоҷик ба иштирокашон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, хотима бахшиданд. Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 1 ноябр дар даври ҳаштякфинал Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев вориди ринг шуданд. Дар вазни -80кг Шаббос Негматуллоев аз Кейлан Кассидӣ (Ирланд) ва дар вазни […]

Asia-Plus

Варзишгарони тоҷик ба иштирокашон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, хотима бахшиданд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 1 ноябр дар даври ҳаштякфинал Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев вориди ринг шуданд. Дар вазни -80кг Шаббос Негматуллоев аз Кейлан Кассидӣ (Ирланд) ва дар вазни 63.5кг Баҳодур Усмонов аз Сомчай Вонгсуван (Тайланд) бо ҳисоби якхелаи 1:4 мағлуб гардиданд.

Гуфта мешавад, 31 октябр дар даври ҳаштякфинал дар вазни -60кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хӯрда буданд.

Ҳамин тариқ, иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон ба поён расид.

Зикр мегардад, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор ва 25 ҳазор доллар қадрдонӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.