Дарёфти ҷасади собиқ директори генералии ТадАЗ дар манзилаш

Ҷасади собиқ роҳбари Корхонаи алюминии тоҷик Михаил Синаниро духтари ӯ дар ҳуҷраи шустушӯ (ванная)-и манзилаш воқеъ дар ҷанубу ғарби шаҳри Маскав пайдо кард, хабар медиҳад шабакаи Telegram-и 112. “Ҷасади собиқ директори Корхонаи алюминии тоҷик Михаил Синании 90-сола дар хонааш бо суроғаи кӯчаи Академик Пилюгин бо захм аз тири силоҳ дарёфт шуд”, – гуфтаанд дар мақомоти […]

Asia-Plus

Ҷасади собиқ роҳбари Корхонаи алюминии тоҷик Михаил Синаниро духтари ӯ дар ҳуҷраи шустушӯ (ванная)-и манзилаш воқеъ дар ҷанубу ғарби шаҳри Маскав пайдо кард, хабар медиҳад шабакаи Telegram-и 112.

“Ҷасади собиқ директори Корхонаи алюминии тоҷик Михаил Синании 90-сола дар хонааш бо суроғаи кӯчаи Академик Пилюгин бо захм аз тири силоҳ дарёфт шуд”, – гуфтаанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Гуфта мешавад, дар паҳлӯи ҷасад таппончае дарёфт шудааст, ки онро ба Синани ҳанӯз соли 1994 раиси Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон пас аз суиқасд ба ҷонаш тақдим карда буд.

Сабаб ва ҳолатҳои ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифта, аз рӯи далели марги ӯ санҷиш оғоз шудааст.

Солҳи 80-ум ва нимаи солҳои 90-ум Михаил Синани роҳбарии Корхонаи алюминии тоҷикро ба уҳда дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.