26 медали таэквондочиёни тоҷик дар Ӯзбекистон

Таэквондочиёни тоҷик дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон дар 2-юмин мусобиқаи кушоди вилояти Намангон оид ба таеквондо (WT) 26 медал ба даст оварданд. Дар ин бора Кумитаи милли олимпии кишвар хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар мусобиқа ба ғайр аз 51 варзишгар аз Тоҷикистон, ҳамчунин, варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар маҷмӯъ, 2300 нафар варзишгар байни […]

Таэквондочиёни тоҷик дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон дар 2-юмин мусобиқаи кушоди вилояти Намангон оид ба таеквондо (WT) 26 медал ба даст оварданд. Дар ин бора Кумитаи милли олимпии кишвар хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар мусобиқа ба ғайр аз 51 варзишгар аз Тоҷикистон, ҳамчунин, варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар маҷмӯъ, 2300 нафар варзишгар байни ҳам қуваозмоӣ намуданд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки мусобиқа миёни кӯдакон, наврасон ва калонсолон низ баргузорр гардид.

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали  мусобиқа миёни калонсолон сазовори 9 медал – 3 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.

– Медалҳои тиллоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг, Муниса Ойматова дар вазни -49кг, Рӯзигул Саидова дар вазни +73кг ба даст оварданд. Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни 63кг, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 74кг, Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг сазовори медалҳои нуқра ва Абумуталиб Мирзоев дар вазни 54кг, Нуралишо Солиҳов дар вазни 63кг ва Руқия Алиаҳмадова дар вазни 53кг сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд, – менависад манбаъ.

Таэквондочиёни тоҷик миёни наврасону кӯдакон 17 медали дигар – 2 тилло, 5 нуқра ва 10 биринҷӣ ба даст оварданд.

Гуфта мешавад. ки Азимҷон Абдуллоев, Исмоил Исроилзода бо медали тилло, Анвар Аҳмадзода, Ёқубҷон Маҳмадёров, Қобилҷон Маҳмадёров, Руҳангез Аҳмадова, Самад Амиршоев бо медали нуқра, Осиямоҳ Солиҳова, Меҳрнигор Шарипова, Нурина Алиназарова, Билол Зокиров, Собит Негматов, Абӯбакр Каримов, Муҳаммад Шарипов, София Негматова, Ясмина Тоирова ва Сиёвуш Нозимов бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҳамчунин, намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов беҳтарин варзишгари мусобиқа ва Далер Фозилов беҳтарин мураббӣ дониста шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.