Зокир Собиров: “Агар давлат таърихро ҳифз накунад, боиси фурӯпошӣ мешавад”

Дар робита ба сарусадоҳои тахриби Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ рассоми шинохтаи тоҷик, яке аз асосгузорони ду равияи ҷаҳонӣ “Нурворизм” (параллелизм) ва “Танворизм” (материализм) Зокир Собиров, ки дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад, изҳори назар кард. "Солҳои ахир дар Тоҷикистон раванди решакан кардани фарҳангу таърихи миллат ҷараён […]

Дар робита ба сарусадоҳои тахриби Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ рассоми шинохтаи тоҷик, яке аз асосгузорони ду равияи ҷаҳонӣ “Нурворизм” (параллелизм) ва “Танворизм” (материализм) Зокир Собиров, ки дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад, изҳори назар кард.

"Солҳои ахир дар Тоҷикистон раванди решакан кардани фарҳангу таърихи миллат ҷараён дорад", – иброз дошт вай ба хабарнигори “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло мутаассифона, натанҳо дар пойтахт, балки дар дигар минтақаҳои кишвар низ асарҳои назарраси санъати монументалӣ нобуд карда мешаванд.

“Агар миллату давлат фарҳангу таърихи воло эҷод ва ҳифз накунад, ин боиси фурӯпошӣ мешавад”, – таъкид дошт ӯ.

Зокир Собиров бар ин назар аст, ки вайрон кардан ё ба ҷойи дигар кӯчонидани Хона-музейи Садриддин Айни комилан нодуруст аст.

“Зеро чунин амал мухолифи арзишҳои миллии ҳама гуна давлат аст”, – илова кард рассоми шинохта.

Дар мавриди тахриби Хона-музей рассоми шинохтаи соҳаи кино Манзура Улҷабоева низ 15 ноябр дар саҳифааш дар Facebook назари худро баён кард. Ӯ ҳам онро тахриби санъати монументалӣ арзёбӣ намуд.

«Мушоҳидаи чӣ тавр  бераҳмона ва мунтазам несту нобуд кардани асарҳои санъати монументалӣ, ки  дар асри XX аз ҷониби як насли тамоми устодони ҳунар офарида шудаанд дарднок ва даҳшатовар аст”, – навиштааст ӯ.

Ба ақидаи номбурда, ҳунармандон бо самимияти қалбу рӯҳ зебоӣ эҷод карда, бовар доштанд, ки асарҳои онҳо сарзамини зодгоҳашон – Тоҷикистонро то абад зинат хоҳад дод.

“Чӣ гуна метавон аз ин пешгирӣ кард? Ба мардум, ворисони Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино… чӣ шудааст?”, – савол мегузорад ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 12 ноябр шаҳрдории Душанбе хабари пешниҳоди кӯчонидани Хона-музейи Садриддин Айниро дар пойтахти кишвар тасдиқ намуд, вале гуфт, ҳоло ин масъала ниҳоӣ нашудааст.

Дар иттилоияи шаҳрдорӣ оид ба ин масъала зикр шуд, ки шаҳрдорӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди Хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир ироа намуда буд.

Хона-музейи Садриддин Айнӣ соли 1978 ба ифтихори 100-солагии адиб таъсис дода шуд. Ӯ бештари умри худро дар Самарқанд гузаронида, дар ин ҷо, дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода №1 аз соли 1951 то 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш боз чандин сол дар ин хона иқомат доштанд.

Айни замон хона-музей муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, дар тавозуни Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2028 ба ифтихори 140-солагии адиб бо дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хона-музей мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифта, дар вазъияти тантанавӣ боз шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.