СММ: Тоҷикистон 11 нафарро иҷборан ба Афғонистон ихроҷ кард

Дар Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезаҳо аз ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон, ки хостори паноҳгоҳ дар Тоҷикистон мебошанд, изҳори нигаронӣ карданд. Тавре маркази иттилооти СММ хабар медиҳад,11 ноябр 11 нафар мардону занон ва кӯдакон иҷборан ба Афғонистон баргардонида шуданд. Дар Раёсати Созмон гуфтаанд, шаҳрвандони Афғонистон, ки дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ ба Тоҷикистон фирор мекунанд, бо […]

Дар Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезаҳо аз ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон, ки хостори паноҳгоҳ дар Тоҷикистон мебошанд, изҳори нигаронӣ карданд.

Тавре маркази иттилооти СММ хабар медиҳад,11 ноябр 11 нафар мардону занон ва кӯдакон иҷборан ба Афғонистон баргардонида шуданд.

Дар Раёсати Созмон гуфтаанд, шаҳрвандони Афғонистон, ки дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ ба Тоҷикистон фирор мекунанд, бо монеъаҳои гуногун дучор мешаванд.

"Охири моҳи июл мақомоти маҳаллӣ ироаи ҳуҷҷатҳои иҷозаи будубоши муваққатӣ дар кишварро ба онҳо бо мутаваққиф карданд. Дар ҳамин ҳол, маҳз мавҷудияти чунин санад шарти ҳатмӣ барои пешниҳоди дархост барои паноҳандагӣ аст", — омадааст дар хабар.

Дар Раёсат зикр мекунанд, ки комиссия оид ба муайян кардани мақоми гурезаи Тоҷикистон низ фаъолияти худро дар мавриди баррасии аризаҳо дар бораи пешниҳоди паноҳгоҳ боздоштааст.

“Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки афғонҳои чанде пеш ба Тоҷикистон омада бе ҳуҷҷат монданд. Ба ҳамаи онҳо ҷаримаву боздошт ва ихроҷ таҳдид мекунад”, – зикр кардаанд дар Раёсати СММ.

Раёсат аз мақомоти Тоҷикистон даъват намудааст, ки аз баргардонидани ҳама гуна хоҳишмандони паноҳгоҳ ба Афғонистон худдорӣ намуда, фавран анҷоми расмиёти будубоши қонунӣ ва муайян кардани мақоми паноҳандагонро барқарор кунанд.

“Мутобиқи қонунгузории байналмиллалӣ ва миллӣ дар бораи гурезаҳо ва ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон вазифадор аст, дастрасии онҳоеро, ки ба ҳимояи байналмилалӣ ниёз доранд, ба қаламрави худ фароҳам оварад”, – гуфта мешавад дар изҳороти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезаҳо.

Дар санад таъкид мешавад, ки байни ин одамон шахсоне буда метавонанд, ки аз таъқиб худро паноҳ гирифта, бозгашташон ба ватан барои онҳо метавонад ба солимӣ ва ҳаёташон хатри ҷиддӣ дошта бошад.

Дар Раёсат аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки "дар муҳити тағйирёбандаи имрӯза" афғонҳо – умдатан занону духтарон ва онҳое, ки дар иртибот бо ҳукумати собиқи Афғонистон, созмонҳои байналмилалӣ ё нерӯҳои мусаллаҳи байналмилалӣ гумонбар мешаванд, дар кишварҳои худ зери хатари таъқиб қарор мегиранд.

Тибқи маълумоти Раёсати мазкури СММ, то охири соли 2020 дар қаламрави Тоҷикистон 6,5 ҳазор нафар гурезаҳо ё шахсони ҷӯяндаи паноҳгоҳ аз Афғонистон сабт шуда, аз моҳи январ то августи соли 2021 шумори онҳо 2 баробар афзуд ва ба ҳудуди 14 ҳазор нафар расид.

Маълумоти бештар дар ин бора дар мусоҳибаи “Азия-Плюс” бо роҳбари Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезаҳо дар Тоҷикистон Мулугета Зевди қобили дарёфт аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.