7 мошини кӯмакҳои нахустини башардӯстона аз Тоҷикистон ба Афғонистон фиристода шуд

Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баҳри дастгирии тадбирҳои фаврӣ оид ба расонидани кумаки башардӯстона ба оилаҳои афғон, ки зимистони имсол ба гуруснагӣ дучор шуданд, ба фиристодани ғизо аз Тоҷикистон ба Афғонистон шурӯъ кард. Нахустин қатораи 7 мошин аз анборҳои Созмон дар Душанбе ба вилояти Бадахшони Афғонистон дар шимолу шарқи ин кишвар равона шуд. Рӯзҳои наздик ҳудуди […]

Asia-Plus

Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баҳри дастгирии тадбирҳои фаврӣ оид ба расонидани кумаки башардӯстона ба оилаҳои афғон, ки зимистони имсол ба гуруснагӣ дучор шуданд, ба фиристодани ғизо аз Тоҷикистон ба Афғонистон шурӯъ кард.

Нахустин қатораи 7 мошин аз анборҳои Созмон дар Душанбе ба вилояти Бадахшони Афғонистон дар шимолу шарқи ин кишвар равона шуд. Рӯзҳои наздик ҳудуди 2500 тонна орду гандум ба ин минтақа расонида шуда, аз ҷониби ниҳоди СММ барои амалиёти наҷот истифода хоҳанд шуд.

“Ҳамтоҳои Барномаи озуқавории СММ дар Афғонистон ба ҳама гуна дастгирии мо ниёз доранд, то ки пеш аз барфпӯш шудани роҳҳо, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст ба мисли Бадхшон хӯрокворӣ омода кунанд”, – гуфтааст имрӯз дар маросими ирсоли кумак намоянда ва директори кишварии Барномаи озуқавории СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам.

Дар ин маросим инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳузур доштаанд.

Адҳам Мусаллам дар симои онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгири мардуми Афғонистон дар ин лаҳзаи буҳронӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

“Истифодаи долон байни кишварҳо ба мо барои саривақт дастрас намудани ғизо ба Афғонистон тариқи гузаргоҳҳои марзӣ ёрӣ мерасонад”, – афзудааст вай.

Ӯ инчунин ба ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии Хадамоти ҳавоии башардӯстонаи СММ (UNHAS), ки аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ идора мешавад, низ арзи сипос намудааст.

«Ҳоло парвозҳои мунтазам Душанберо бо Кобул ва дигар нуқтаҳои таъиноти Афғонистон мепайвандад ва барои тамоми ҷомеаи башардӯстона боз аст», – илова кардааст номбурда.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Афғонистон буҳрони башарии бузургмиқёс ҷараён дорад. Барномаи озуқавории СММ ҳаҷми кумакро барои наҷоти ҳаёти одамон афзуда, аз оғози сол 14,8 млн нафарро бо ин кумак таъмин кард.

Лекин талабот хеле зиёд аст. Барои фарогирии 23 млн нафар аҳолӣ, ки ба хатари гирифторӣ ба гуруснагӣ дучоранд, ба Барнома дар як моҳ 220 млн доллар маблағ лозим аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.