Корея ба Тоҷикистон дар бунёди марказҳои байнулмилалии логистикӣ кумак мекунад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Ширкати «Living Tree Co. , Ltd»-и Ҷумҳурии Корея мулоқот анҷом дод, ки дар он масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт  мавриди муҳокима қарор гирифт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт дар Тоҷикистон, аз ҷумла […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Ширкати «Living Tree Co. , Ltd»-и Ҷумҳурии Корея мулоқот анҷом дод, ки дар он масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт  мавриди муҳокима қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бунёди марказҳои байналмилалии логистикӣ ҳамкорӣ кунанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо зикр карданд, ки дар сохтмони роҳи оҳан, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монда, дар оянда доираи ҳамкорӣ метавонад дар татбиқи лоиҳаҳои дигар низ густариш ёбад.

Гуфта мешавад, сипас оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати «Living Tree Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи 14-умин Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея”, ки 30 ноябр доир гардид, як ҳайати тоҷирони Ҷумҳурии Корея ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар доираи кори форум дидору гуфтушунидҳои тоҷирон, чор ҷаласаи мавзӯӣ дар соҳаҳои хоҷагии ҷангал, тандурустӣ ва рақамисозӣ баргузор шуд.

Тоҷикистон раёсати худро дар Форум ба поён расонида, ба ихтиёри Ҷумҳурии Корея супурд.

Қобили зикр аст, ки иқдоми ташкили Форум аз ҷониби Корея бо мақсади тақвияти талошҳо баҳри густариш ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.