Қирғизистон омаду рафт барои Тоҷикистонро “сабуктар” кард

Девони вазирони Қирғизистон эълом кард, ки ба тартиби вуруду  хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус кормандони намояндагиҳои дипломатӣ тағйирот ворид кардааст. Баъди даргириҳои хунини ахири моҳи апрел Девони вазирони ин кишвар бо судури як қарор, сар аз 21-уми май марзҳояшро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон комилан баста буд. Бино ба иттилои хабаргузории Akipress, раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек […]

Девони вазирони Қирғизистон эълом кард, ки ба тартиби вуруду  хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус кормандони намояндагиҳои дипломатӣ тағйирот ворид кардааст. Баъди даргириҳои хунини ахири моҳи апрел Девони вазирони ин кишвар бо судури як қарор, сар аз 21-уми май марзҳояшро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон комилан баста буд.

Бино ба иттилои хабаргузории Akipress, раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов бо имзои як фармон сар аз 1-уми декабри соли 2021 ба фармони қаблан содиркардаи девони вазирони ин кишвар дар 21-уми майи имсол тағйирот ворид кардааст. Ин тағйиру иловаҳо ба хотири ба тартиб даровардани масъалаҳои вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар Қирғизистон ворид карда шудааст.

Ба ин тартиб, ҳамакнун барои аз Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар кардани кормандони намояндагиҳои дипломатии Қирғизистону Тоҷикистон, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо дар Қирғизистон, инчунин аъзои оилаи онҳо ҳуҷҷати таъйидкунандаи  хешутаборӣ, аккредитатсия ё шиносномаи дипломатӣ-хизматӣ дошта бошанд, иҷозат дода мешавад. Агар чунин ҳуҷҷатҳо мавҷуд набошад, онҳо метавонанд бо дархости  Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иҷозаи вуруд ба ин кишварро дарёфт кунанд.

Дар тартиботи қаблӣ ба ин гурӯҳ танҳо тавассути пешаки огоҳ кардани Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои омадану рафтан, иҷоза дода мешуд.

Инчунин аз Тоҷикистон донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил мекунанд ё омӯзгороне, ки кор мекунанд, дар асоси мактуби пешакии пешниҳодшуда ё худ бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон ба Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, иҷозаи вуруд дода мешавад. 

Оғози моҳи май раиси қаблии девони вазирони Қирғизистон Улуғбек Марипов гуфта буд то ҳалли баҳсҳои марзӣ равуои марзӣ бо Тоҷикистонро  комилан қатъ мекунанд. Баъди ин қарори Девони вазирон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо судури як қарор аз шаҳрвандони кишвар хост аз рафтани ба Қирғизистон ва кишвари сеюм тавассутини Қирғизистон худдорӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.