“Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО ва “Хуҷанд”-у КМВА дар Ҷоми КФО-2022 бозӣ мекунанд

Мусобиқаи Чемпионати 30-юми Лигаи олии футболи мамлакат ба поён расид. Аз рӯи натиҷаҳои он дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 ва “Хуҷанд”-у КМВА (ЦСКА) дар Ҷоми КФО-2022 иштирок мекунанд. Дар даври охир дорандаи медалҳои биринҷии мусобиқа ва дастаи дуюме, ки лига олиро тарк мекунад, маълум шуд. Тавре маркази матбуоти ФФТ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Мусобиқаи Чемпионати 30-юми Лигаи олии футболи мамлакат ба поён расид. Аз рӯи натиҷаҳои он дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 ва “Хуҷанд”-у КМВА (ЦСКА) дар Ҷоми КФО-2022 иштирок мекунанд.

Дар даври охир дорандаи медалҳои биринҷии мусобиқа ва дастаи дуюме, ки лига олиро тарк мекунад, маълум шуд.

Тавре маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар даври 27-ум КМВА-и Душанбе тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, ба медалҳои биринҷии чемпионат соҳиб шуд. “Кӯктош” аз ноҳияи Рӯдакӣ бозиро бо ҳисоби 1:2 ба “Истиқлол” бохта, акнун ҳамроҳи дастаи “Душанбе” имсол лигаи олиро тарк мекунад.

Ба ин тариқ, қаҳрамони кишвар – “Истиқлол” соли оянда дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО бозӣ карда, дорандаи медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионат – “Хуҷанд” ва КМВА Тоҷикистонро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 намояндагӣ мекунанд.

Нишонзани беҳтарини мавсими имсолаи чемпионат ҳамлагари тими “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов дониста шуд, ки ба дарвозаи ҳарифон 18 тӯб ба нишон расонидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.