Ба Тоҷикистон боз 546 ҳазор вояи ваксинаи Sinovac оварда шуд

Дар доираи лоиҳаи грантии Бонки осиёии рушд (БОР), ки соли ҷорӣ тасдиқ шуд, миқдори аввали иборат аз 546 ҳазор воя (доза)-и зидди COVID-19 ба Тоҷикистон оварда шуд. Каме баъдтар иловагӣ ба ҷумҳурӣ боз 3 345 600 вояи ваксина фиристода мешаванд. Ба Тоҷикистон расонидани ваксинаи Sinovac бо мусоидати  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) тариқи Маркази дастрасии глобалӣ […]

Дар доираи лоиҳаи грантии Бонки осиёии рушд (БОР), ки соли ҷорӣ тасдиқ шуд, миқдори аввали иборат аз 546 ҳазор воя (доза)-и зидди COVID-19 ба Тоҷикистон оварда шуд.

Каме баъдтар иловагӣ ба ҷумҳурӣ боз 3 345 600 вояи ваксина фиристода мешаванд.

Ба Тоҷикистон расонидани ваксинаи Sinovac бо мусоидати  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) тариқи Маркази дастрасии глобалӣ ба ваксинаҳои зидди COVID-19 (COVAX AMC) сурат мегирад.

Гранти БОР дар ҳаҷми 25 млн доллар барои маблағгузорӣ ба харидории ваксинаҳо, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо онҳо, беҳбуди имконоти кормандони Вазорати тандурустӣ ҷиҳати тақвияти барномаи ваксинзании аҳолӣ ва роҳандозии дигар тадбирҳои марбут ба ин маърака равона шудааст.

Осама Маккави Хогали, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфтааст, ЮНИСЕФ аз расидани миқдори аввали ваксинаҳо  ба Тоҷикистон, ки БОР тавассути COVAX тақдим кардааст, истиқбол мекунад.

“Бо 3 млн 345 ҳазору 600 вояи ваксинаи зидди COVID-19, ки аз ҷониби БОР тариқи COVAX пешниҳод шудааст, беш аз 1,5 млн нафар бо ваксина фаро гирифта мешаванд, ки тақрибан 25 дарсади аҳолии мавриди ҳадаф дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад”, – изҳор доштааст вай.

Лоиҳаи БОР дар мавриди дастгирии маъракаи эмкунӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон иборат аст аз: 50 млн доллар грант, ки моҳи июни соли 2020 тасдиқ шуд; 2,5 млн доллар аз Фонди Осиё ва Уқёнуси Ором, ки моҳи августи соли гузашта тасдиқ шуд ва зиёда аз 1 млн грант барои дастрасии лавозимоти ниёзи аввалия ва воситаҳои муҳофизати инфиродии кормандони тиббӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1 декабр дар доираи татбиқи механизми COVAX аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя (доза) ваксинаи «Covidshield» (Astrazeneca) оварда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз ба Тоҷикистон ба миқдори 6 млн 137 ҳазор воя 5 навъи ваксина ворид карда шуд.

Дар Тоҷикистон аз ваксинаи аврупоии «Covidshield» (Astrazeneca истеҳсоли Ҳиндустон), CoronaVac аз Чин,  Moderna ва Pfizer-м амрикоӣ, инчунин «Спутником V»-и Русия эм гирифтан имконпазир аст.

Аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 млн 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин,  то ин дам 2 млн 590 ҳазору 545 нафар (44,5%)  шаҳрвандони кишвар бо вояи дуюми ваксина эм шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.