“Махфист”. Тоҷикистон созишномаи низоми ягонаи зиддиҳавоӣ бо Русияро тасвиб кард. ТАКМИЛШУДА

Порлумони Тоҷикистон созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоиро ба тасвиб расонид. Вакилони тоҷик дар ҷаласаи имрӯз, 8-уми декабри порлмуон ба ҷонибдории ин созишнома райъ доданд. Ҷузъиёти ин созишномаро барои вакилон вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо шарҳ дода гуфт, татбиқи созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки қувва ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Русия дар таъмини амнияти […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Порлумони Тоҷикистон созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоиро ба тасвиб расонид. Вакилони тоҷик дар ҷаласаи имрӯз, 8-уми декабри порлмуон ба ҷонибдории ин созишнома райъ доданд.

Ҷузъиёти ин созишномаро барои вакилон вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо шарҳ дода гуфт, татбиқи созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки қувва ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Русия дар таъмини амнияти фазои ҳавои Тоҷикистон иштирок намоянд.

Ӯ қабули созишномаро ба болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ба миён омадани  шаклҳои нави пешбурди амалиётҳои ҷангӣ, аз ҷумла истифодати васеи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби гурӯҳҳои экстримистиву террористӣ ва таъмини амнияти  фазои ҳавоии кишвар маънидод намуд.

– Татбиқи созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки қувва ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Русия дар таъмини амнияти фазои ҳавои Тоҷикистон иштирок намуда, инчунин кадрҳои самти пешбурд навбатдории ҷангиро бо истифода аз техникаҳои ҳозиразамони соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ бе хароҷоти маблағҳои иловагӣ аз худ намоянд. Ин иқдом барои таҳкими минбаъдаи дурнамои соҳаи мудофиаи зиддиҳавоии кишвар аз лиҳози иқтисодиву молиявӣ манфиатовар мебошад,- гуфт Шералӣ Мирзо.

Номбурда зикр кард, ки дар доираи созишнома омӯзиш, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва пешбурди навбатдории ҷангӣ бо техникаи ҳозиразамони соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ хароҷоти маблағҳои зиёдро талаб менамояд.

Аммо вазир аз ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар мавриди шарту шароити иҷрои созишнома, маблағгузорӣ ва бунёди пойгоҳ ба далели махфӣ ва сири низомӣ будани он худдорӣ кард.

Ин созишнома 27-уми апрели соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд, ва чанде пештар ҳукумати Русия ҳам онро пазируфт ва порлумони ин кишвар низ ба тасвиб расонид.  

Дар бораи лоиҳаи ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон бори аввал 27 апрел вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳори назар карда буд. Ба гуфтаи ӯ, созишнома бо мақсади беҳбуди самаранокии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.

Дар ин санад зикр мегардад, ки ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки ҷузъу томҳои Низоми минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро сарфармондеҳи Неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия амалӣ месозад. Ҳайти шахсӣ зери раҳбарии фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия қарор гирифта, идоракунии амалиёти муштараки ҷузъу томҳо дар сарҳадҳои қитъаҳои ҷудогонаи амнияти дастаҷамъӣ ба дӯши фармондеҳи нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоии Тоҷикистон вогузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз ҳудуди ин кишвар – пойгоҳи низомии 201-ум мустақар аст. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 имзошуда, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.