Сатҳи Гулрухсор. Ёддоште ба ифтихори 75-солагии шоири нухбаи тоҷик

Дар таъриху адабиёту андешаи муосири мо бону Гулрухсор танҳо як зан ё шоира нест. Балки Гулрухсор як шоҳкор, як асари нодир, як нигораи арзишманд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ватандорӣ ва дар озодагию растагорӣ онро метавонад меъёр бигирад. Худро ба он сатҳ бикашад, ба он тарҳ […]

Абдуллоҳи Раҳнамо, шоир ва муҳаққиқ

Дар таъриху адабиёту андешаи муосири мо бону Гулрухсор танҳо як зан ё шоира нест. Балки Гулрухсор як шоҳкор, як асари нодир, як нигораи арзишманд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ватандорӣ ва дар озодагию растагорӣ онро метавонад меъёр бигирад. Худро ба он сатҳ бикашад, ба он тарҳ бирезад, ба он рўҳия бисозад.

Агар бихоҳем, ки як бонуи ворастаи элитарии тоҷикро бо ҳама маънову сифоташ тасаввур кунем, ки дар ҷавҳару вуҷуду симои ў ҳам зан бошаду ҳам отифа бошаду ҳам шахсият бошаду ҳам маърифат бошаду ҳам ҷамъият бошаду ҳам миллат, пеш аз ҳама симои Гулрухсор пеши назар меояд.

Ў дили як миллат, набзи як эҳё, гули як фарҳанг ва меваи як тамаддун аст. Ӯ оташи як ҷасорат ва забони як рисолат аст.

"Ман омадам, ки ҷилваи нози ҳунар кунам, 

Бо килки шуъла қиссаи шаб мухтасар кунам!"

Дар заминаи истеъдоди зотӣ, тарбияти миллӣ ва пойдевори арзишию тамаддунии шахс, чунин чеҳраҳои хоссаи миллию ҷамъиятию фарошахсиятиро маҳз як шароити хоссаи таърихию фарҳангию сиёсию иҷтимоиву иқтисодӣ ташаккул медиҳад ва фақат дар он сатҳ ин сатҳ ҳосил мешавад.

Ба ин маъно, Гулрухсор рўҳи як марҳилаи томми набарди фарҳангию таърихии миллат, муҳсули як асри вусъату миқёсҳои бузург ва сатҳи биниши як абарқудрат аст. Ва чунон вусъате бояд, то чунин миқёсе ба даст ояд.

Бо зуҳури худ, бо парвозу сарнавишти худ, бо барқу шўру вулқони худ, бо саҳнаву андешаву будани худ Гулрухсор як намуна сохт, як фарҳанг офарид, як меъёр шуд, як инқилоб кард. Дар ин достон ҳамагон диданд, ки чи гуна метавон аз барқи кўҳистон хуршеди тобон сиришт, аз оташаки лола машъали миллӣ афрӯхт.

Ў на танҳо номи Гулрухсоро миллӣ кард, балки сабки Гулрухсоро ҳамагонӣ намуд, дарди Гулрухсоро умумимиллӣ сохт. Бо таъсири ў дар муҳити занони тоҷик насле шакл гирифт, ки забонаш, шеъраш, андешааш, арзишҳояш, ҳатто овозу қироату либосаш гулрухсорӣ буд ва ҳаст…

Аммо муҳимтар аз ин, гарчӣ ў ба сатҳи фаромиллӣ, ба сатҳи империя, ба сатҳи байналмилалӣ баромад, аммо дар ҳамаи ҳолатҳо, дар ҳамаи мансабҳо, дар ҳамаи саҳнаву сиёсатҳо миллӣ монд, тоҷикӣ монд, миллат гуфт, тоҷик гуфт, чавҳар гуфт, асолат гуят, забон гуфт, фарҳанг гуфт, эҳё гуфт. Нишон дод, ки чи гуна метавон баланд буду миллӣ буд, модерн буду миллӣ буд, муосир буду тоҷикӣ буд, ҷаҳонӣ буду миллӣ буд, вазиру вакил буду миллӣ буд, рўшан буду миллӣ буд.

«Дур рафтам, то туро наздик бинам,

Аз ту рафтам, то даме бо ту нишинам,

Тоҷикистон!»

Ин аст, ки ў садои миллат, парчами бедории миллӣ, машъалаи рўҳи миллӣ шуд. Яқинан, мо дар таърихи навини фарҳанги худ бонуи дигаре бо ин дурахшу ин рўшаниву ин корнома ёд надорем.

Ин аст, ки падида ё феномени Гулрухсор чун падидаи милливу муосир дар шеър, дар забон, дар ишқ, дар рафтор фарогир шуд, бозтавлид шуд. Аммо афсус, ки бозтавлиди умумимиллии фикрӣ ва иҷтимоии ин сатҳ ва ин падида муяссар нагашт. Бо шикасти як равнади миллию таърихӣ дар панҷаҳои оҳанини ҷанг арзишҳои элитарӣ ба ҳошия рафт, сатҳи умумии фарҳангӣ суқут кард…

Ва ӯ ин дардро низ суруд:

"Охирин ҷанге, ки тоҷик метавонад кард андар ҳифзи худ,

Ҷанг бо фарҳанги бефарҳанг хоҳад буд!"

Аммо як воқеият ин аст, ки чун дар солҳои наврасию ҷавонии мо, дар марҳилаи ташаккули завқу бинишу фаҳмиши мо тандису улгуи зани озодаву огоҳу соҳибминбару соҳибмаърифату ватандору миллатдори тоҷик Гулрухсор буд, зеҳни насли мо, нигоҳи насли мо ба ҳамин сатҳ одат гирифтааст.

Аз ин рў, зеҳни насли мо то имрўз ба чизе камтар аз Гулрухсор қаноат намекунад, чизе камтар аз Гулрухсорро эътироф намекунад. Балки дар пазируфтани сатҳе поинтар аз ў мушкил дорад. Балки чизе поинтар аз ӯро бар он таҳмил кардан мушкил аст…

Ин ҳақиқатро шояд бисёре аз ҳамнаслони мо эҳсос намоянд.

Ва ниҳоят, ҳам боиси ифтихор ва ҳам ҷойи таҳсину ҳайрат аст, ки ин шаҳбонуи фарҳангу адабтёти миллат то ҳануз он ҷойгоҳро нигоҳ дошт ва аз он сатҳ поин наомад ва меъёрро нашикаст.

Ҳолате, ки иззат бо шахсият ва истиқлоли миллӣ бо истиқлоли шахсӣ ба ҳам меоянд:

"Чист истиқлол, иззат доштан!"

Ҳеҷ ҳошияву маломат ин нурро тира накард, ҳеҷ инзивою гўша ўро кўҳна накард, на ба зоҳир, на ба ботин, на ба гуфтор, на ба андеша, на ба ҷойгоҳ…

То имрӯз ҳамон қудрату ҳамон гузашт:

"Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,

Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ!"

То ҷое, ки имрўз низ, бе ҳеҷ мақому мансаб, бе ҳеҷ расмияту ҷамъият боз ҳам улгуст, боз ҳам меъёр аст, боз ҳам бонуи аввали фарҳангу адаби миллат аст, боз ҳам маҳбуби умум аст… Ва то ҳаст чунин хоҳад буд.

«Ҳар киро санге ба чанг уфтад, маро гирад нишон,

Зинда бодо пайкари обод дар вайронагӣ!»

Хуҷаста ва ҷовид бод гули ҳамешабаҳори шеъру фарҳангу рўҳи миллии мо.

Бознашр аз саҳфаи фейсбукии муаллиф

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.