Неруҳои посдори сулҳи СПАД аз се кишвар Қазоқистонро тарк карданд

Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз Арманистон ва Тоҷикистон тариқи 4 ҳавопаймои авиатсияи ҳарбии нақлиётии Неруҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия қаламрави Қазоқистонро тарк карданд, хабар медиҳад РИА Новости. Гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмато парвоз кардаанд. Дар 3 ҳавопаймо низомиёни Арманистон ва дар 1-тоаш низомиёни Тоҷикистон интиқол меёбанд, зеро аз Тоҷикистон ба Қазоқистон техникаи ҳарбӣ бурда нашудааст. […]

Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз Арманистон ва Тоҷикистон тариқи 4 ҳавопаймои авиатсияи ҳарбии нақлиётии Неруҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия қаламрави Қазоқистонро тарк карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмато парвоз кардаанд. Дар 3 ҳавопаймо низомиёни Арманистон ва дар 1-тоаш низомиёни Тоҷикистон интиқол меёбанд, зеро аз Тоҷикистон ба Қазоқистон техникаи ҳарбӣ бурда нашудааст.

Дар ҳавопаймо ҳамроҳи низомиёни Тоҷикистон гуруҳи иборат аз 31 нафар курсантҳои Донишкадаи ҳарбии неруҳои заминии Қазоқистон низ ба таътил ба хонаҳояшон рафтанд. Ситоди амалиёти СПАД дар ҳамин муассисаи таълимӣ амал мекард.

Каме пештар субҳи имрӯз воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон, ки Маркази барқу гармидиҳии 2-ро посбонӣ мекарданд, мустақилона ба ватанашон раҳсипор шуданд.

Дар амалиёти СПАД дар Қазоқистон низомиёни Русия, Беларус, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. Ба онҳо ҳифзу посбонии иншоооти аз лиҳози стратегӣ муҳим супурда шуда буд.

Неруҳои Арманистон комбинати нонпазии “Оқсой” ва пойгоҳи обкашии “Дружба”-ро посбонӣ карда,  ҳифзу посбонии Маркази барқу гармидиҳии 1-и Алмато ба дӯши воҳидҳои ҳарбии Тоҷикистон вогузор шуда буд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 13 январ эълон шуд, ки амалиёти неруҳои СПАД дар Қазоқистон муваффақона анҷом ёфта, омодагӣ ҷиҳати бозгашт ба макони истиқрори доимӣ оғоз шуд. Ба амалиёти неруҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон фармондеҳи Неруҳои ҳавоӣ-десантӣ (ВДВ)-и Русия генерал-полковник Андрей Сердюков роҳбарӣ кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.