Тоҷикистону Ӯзбекистон азсаргирии равуои автобусҳоро байни кишварҳо баррасӣ карданд

Дар Тошканд рӯзи 12 январ ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор шуд. Тавре ки Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаи  ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ шуд. “Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин […]

Дар Тошканд рӯзи 12 январ ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор шуд.

Тавре ки Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаи  ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ шуд.

“Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт табодули маълумот намуда, дар мавриди ҷараёни амалисозии созишномаҳои қаблан имзошуда дар ин соҳа табодули назар карданд”, – омадааст дар хабар.

Дар Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон таъкид мекунанд, ки зимни вохӯрӣ ба масъалаи марбут ба азсаргирии равуои автобусҳо байни кишварҳо, ки бар асари падемияи коронавирус қатъ шуда буд, таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

“Ҳамчунин дурнамои рушди долони нақлиётиии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин” мавриди баррасӣ қарор гирифт”, – зикр шудааст дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки 15 майи соли 2018 пас аз танаффуси 26-сола равуои автобусҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор шуд. Лекин аз 16 марти соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус, Ӯзбекистон алоқаи заминӣ бо дигар кишварҳоро маҳдуд намуда, аз 1 сентябр ин маҳдудиятҳо тадриҷан бекор мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.