“Рекламаашон воқеият надорад”. Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз сифати кори ширкатҳои мобилӣ

Дар бисёри ҳолатҳо он имконоте, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар рӯнамоиҳо (реклама)-и хидматрасониҳояшон инъикос менамоянд, ба воқеият ҷавобгӯ нест, изҳор доштааст раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдории пойтахт. Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ дар баробари таҳлилу баррасии дигар соҳаҳо, ба соҳаи алоқаҳои мобилӣ таваҷҷуҳи […]

Дар бисёри ҳолатҳо он имконоте, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар рӯнамоиҳо (реклама)-и хидматрасониҳояшон инъикос менамоянд, ба воқеият ҷавобгӯ нест, изҳор доштааст раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдории пойтахт.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ дар баробари таҳлилу баррасии дигар соҳаҳо, ба соҳаи алоқаҳои мобилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, сатҳи хизматрасонии онҳоро аз ҳар ҷиҳат такмилталаб арзёбӣ намуд.

“Бо вуҷуди пешравиҳои соҳаи алоқа, сифати он ва суръати интернет бениҳоят суст буда, таҷҳизот ва дастгоҳҳои соҳа зарурият ба таҷдиду навсозӣ доранд”, – иброз доштааст Рустами Эмомалӣ.

Гуфта мешавад, ба роҳбарони ширкатҳои мобилӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҷиҳати воридоти таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани сифатнокии хидматрасонии алоқа ва интернет ва бартараф намудани дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аҳолӣ ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон  ширкатҳои хориҷиянд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.

Президент аз аҳолӣ даъват намуд, ки наврасону кӯдакони хурдсолро, ки “телефону компютер бозичаҳояшонро иваз намудааст” эҳтиёт кунанд.

Сарвари давлат он замон зикр кард, ки “тайи 10 соли ахир аҳолии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ зиёда аз 30 млрд сомонӣ сарф кардааст”.

“Ин қариб 3 млрд доллар буда, маблағи кам нест, – гуфт ӯ. – Бо ин маблағ мо неругоҳи Роғунро сохта метавонем”.

Ӯ таъкид дошт, ки шумори корбарони аоқаи мобилӣ дар кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ қариб 30 баробар афзудааст. “Агар соли 1991 шумори муштариёни алоқаи телефон ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил медод, пас соли 2021 шумори онҳо ба беш аз 8 млн нафар расид”, – илова карда буд ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.