Нигаронии шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи барзиёди телефонҳои мобилӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон аз фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва хароҷоти зиёди аҳолӣ ба алоқаи мобилӣ изҳори нигаронӣ кард. “Моро лозим аст, ки фарҳанги истифолдаи телефонҳои мобилиро бознигарӣ кунем. Ба ин хурсанд шудан лозим нест, оянда мушкилоти ҷиддӣ пайдо шуданаш мумкин аст, гирифторӣ ба бемориҳо, аз ҷумла саратони мағзи сар”, […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон аз фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва хароҷоти зиёди аҳолӣ ба алоқаи мобилӣ изҳори нигаронӣ кард.

“Моро лозим аст, ки фарҳанги истифолдаи телефонҳои мобилиро бознигарӣ кунем. Ба ин хурсанд шудан лозим нест, оянда мушкилоти ҷиддӣ пайдо шуданаш мумкин аст, гирифторӣ ба бемориҳо, аз ҷумла саратони мағзи сар”, – иброз дошт сарвари давлат.

Президент аз аҳолӣ даъват намуд, ки наврасону кӯдакони хурдсолро, ки “телефону компютер бозичаҳояшонро иваз намудааст” эҳтиёт кунанд. “Мо бояд оқибатҳояшро фикр кунем”, – чунин мешуморад ӯ.

Сарвари давлат зикр кард, ки тайи 10 соли ахир аҳолии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ зиёда аз 30 млрд сомонӣ сарф кардаст.

“Ин қариб 3 млрд доллар буда, маблағи кам нест. Бо ин маблағ мо неругоҳи Роғунро сохта метавонем”, – гуфт ӯ.

Президент аз он дар ҳайрат аст, ки аҳолӣ ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон  ширкатҳои хоричиянд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.

Президент таъкид дошт, ки айни замон шумори муштариёни алоқаи мобилӣ зиёда аз 8 млн нафар ва шумори корбарони интернет – зиёда аз 4,5 млн нафарро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.