Дар Тоҷикистон суръати интернет сусттар шудааст

Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ дар қиёс бо як соли пеш боз ҳам сусттар шудааст. Дар радабандии  нави Speedtest Global Index, ки суръати интернети мобилиро дар 138 кишвари ҷаҳон таҳқиқ кардааст, дида мешавад, ки  Тоҷикистон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps), дар мавқеи 134-ум миёни ин кишварҳо ҷой гирифтааст. Ин нишондод нисбат ба 1 соли […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ дар қиёс бо як соли пеш боз ҳам сусттар шудааст. Дар радабандии  нави Speedtest Global Index, ки суръати интернети мобилиро дар 138 кишвари ҷаҳон таҳқиқ кардааст, дида мешавад, ки  Тоҷикистон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps), дар мавқеи 134-ум миёни ин кишварҳо ҷой гирифтааст.

Ин нишондод нисбат ба 1 соли гузашта 5 зина поинтар аст. Дар радабандии порсола Тоҷикистон дар ҷойи 129-ум қарор дошт. Дар ҳамин гузориши Speedtest Global Index аз моҳи ноябр, аз рӯи интернети ноқилӣ дар Тоҷикистон вазъ нисбатан беҳтар буда, байни 181 кишвар Тоҷикистон бо суръати 16.63 мегабит дар сония дар ҷойи 123-юм аст.

Узбекистон дар ин радабандӣ дар мавқеи 119 қарор дорад ва суръати интернети мобилӣ дар ин кишвар 13,67 ва интернети ноқилӣ 36.23 мегабит дар сония гуфта шудааст. Афғонистон дар мавқеи охирин қарор дорад.

Тибқи арзёбиҳои ин гузориш дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ суръати интернети Тоҷикистон сусттарин аст. Дар кишвар ҳам шикоят аз суръати пасти интернет зиёд аст.

Чанде пеш бинобар як арзёбии дигар ҳам суръати Интернет дар Тоҷикистон сусттарин дониста шуд. Сомонаи Cable.co.uk бо нашри як гузориш Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳое дохил кард, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз назари суръати Интернет дар ҷойи 211-ум қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.