Қирғизистон сафираш дар Тоҷикистонро барканор кард

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбеков аз мақом барканор шуд. Дар ин бора хабаргузории қирғизии 24.kg ба истинод ба хадамоти матбуоти президенти ин кишвар хабар додааст, вале сабаби ин барканорӣ маълум нест. Манбаъ мегӯяд, Жаниш Рустенбеков аз моҳи декабри соли 2018 то ба имрӯз сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон буд. “Моҳи майи соли гузашта кумитаи […]

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбеков аз мақом барканор шуд. Дар ин бора хабаргузории қирғизии 24.kg ба истинод ба хадамоти матбуоти президенти ин кишвар хабар додааст, вале сабаби ин барканорӣ маълум нест.

Манбаъ мегӯяд, Жаниш Рустенбеков аз моҳи декабри соли 2018 то ба имрӯз сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон буд.

“Моҳи майи соли гузашта кумитаи профилии Жогорку Кенеш ба ӯ изҳори нобоварӣ карда буд. Аммо бо вуҷуди ин, дипломат бозхонда нашудааст”.-навиштааст, 24.kg.

Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ фаъолони ин кишвар дар шабакаҳои интернетӣ бар зидди сафир Жаниш Рустенбеков зери хештег ё барчаспи #ЭлчиниИздейбиз (#Ищем посла ё худ Сафирро меҷӯем) иқдом карда буданд.

Жаниш Рустенбеков  тайи чанд солҳо дар вазифаҳои раҳбарикунанда, аз ҷумла, вазири ҳолатҳои фавқулода ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистону Туркманистон кор кардааст.

Ӯ дар ҳоле аз мақом барканор мешавад, ки Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя давоми як соли ахир дар робита ба ҳаводиси марзӣ муносибати хуб надоранд. Охири моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар муноқишае сар зад, ки оқибат ба хун печид ва аз ду ҷониб даҳҳо захмиву кушта шуданд. Ва ин ҳодиса боз шаби 27-уми январи имсол ба вуқӯъ пайваст, ки аз ҷониби Тоҷикистон 2 нафар кушта ва 10 нафар захмӣ шуданд ва Қирғизистон шумори захмиёнро 12 кас эълон кард. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.