Эродҳо ҷиддӣ набуданд: вокуниши роҳбари Оҷонсии зиддифасод ба интиқоди президент

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯз ба интиқодҳои ахири Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат аз шеваҳои кори ин ниҳод посух дод. Ӯ гуфт, ки аз сӯйи президент вобаста ба фаъолияти мақомот эроди ҷиддӣ гирифта нашуд, танҳо  дар самти назорати давлатии молиявӣ  дастурҳо дода шуд. Номбурда гуфт, дар ҷаласаи охири ҳукумат раисҷумҳури Тоҷикистон супориш […]

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯз ба интиқодҳои ахири Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат аз шеваҳои кори ин ниҳод посух дод. Ӯ гуфт, ки аз сӯйи президент вобаста ба фаъолияти мақомот эроди ҷиддӣ гирифта нашуд, танҳо  дар самти назорати давлатии молиявӣ  дастурҳо дода шуд.

Номбурда гуфт, дар ҷаласаи охири ҳукумат раисҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, ки ҳангоми тафтишу санҷишҳои молиявӣ диққати асосиро ба ошкоркунии зарарҳои молиявӣ ва барқарор кардани онҳо ба буҷети давлатӣ равона кунем.

– Танҳо дастурҳо буданд, мо қабул кардем, супоришҳоро иҷро мекунем. Аллакай баъди маҷлиси ҳукумат мо ҷаласаи изтирории худро гузаронидем, дастурҳои ҳукумат ва президенти мамлакатро ба ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомот, ҳам ба муовинон ва ҳам ба сардорону раёсату шуъбаҳо даструҳоро додаем. Фаъолиятро дар соли 2022 ҷоннок мекунем, – гуфт Султонзода.

Чанде пеш як манбаъ, ки дар ҷаласаи охири ҳукумати кишвар ширкат дошт, дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа аз фаъолияти Оҷонсии мубориза бо фасод сахт интиқод кард ва бо хитоб ба роҳбари он гуфт, ки худи кормандони оҷонсӣ зимни фаъолияти кории худ даст ба фасод мезананд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 20-уми январи соли равон паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорони мустақил баргузор гардид.

Гуфта мешуд, ки дар маҷлис бештар аз пешрафтҳо гуфтаанд. Вале акнун маълум мешавад, ки президент ҳамчунин аз камбудиҳо ҳам сухан гуфта будааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.