Шералӣ Ризоён: Тоҷикистон дар низоъи Русияву Укроин бояд аз манофеи миллии худаш ҳимоят кунад

Буҳрони нави Русияву Укроин ё буҳрони Русияву Ғарб бар сари Укроин, мисле ба назар мерасад буҳрони дарозмуддате хоҳад буд. Дидгоҳҳо ва назари коршиносону таҳлилгарон дар ҳар кишвар гуногун аст. Дар Тоҷикистон бархеҳо (аксарият) дар ин низоъ ҷонибдори Русияаанд, бархеҳо (аққалият) аз Укроин ҳимоят мекунанд. Аммо дар ин миён коршиноси варзидаи тоҷик, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ […]

Шералӣ Ризоён, номзади илмҳои сиёсӣ

Буҳрони нави Русияву Укроин ё буҳрони Русияву Ғарб бар сари Укроин, мисле ба назар мерасад буҳрони дарозмуддате хоҳад буд. Дидгоҳҳо ва назари коршиносону таҳлилгарон дар ҳар кишвар гуногун аст. Дар Тоҷикистон бархеҳо (аксарият) дар ин низоъ ҷонибдори Русияаанд, бархеҳо (аққалият) аз Укроин ҳимоят мекунанд.

Аммо дар ин миён коршиноси варзидаи тоҷик, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён дар бораи таҳаввулоти авзоъ дар Укроин (ба расмият шинохтани соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои мардумии Донеск ва Луҳанск аз сӯйи Русия) дидгоҳҳои мутавофиттаре пешниҳод мекунад:

1.Дар атрофи масъалаи ҷанги эҳтимолӣ дар Донеск ва Луҳанск ҳудуди як моҳи охир гуфтумони зиеде ба назар расид ва мо шоҳиди ҷанги иттилоотии фарогире будем. Худи омили 16 феврал як нуктаро собит кард, ки ба ҷойи як кишвари соҳибихтиёр дигар давлати манфиатдор метавонад фазосозӣ кунад. Бахусус, омили берун кардани дипломатҳо ва шаҳрвандони кишварҳои гуногун аз Украина саволҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, густариши зарфияти иттилоотӣ (мавҷудияти расонаҳои қавӣ) дар ростои ҷангҳои ҳибридӣ бисёр муҳим шуда истодааст.

2.Эҳтимоли зиёд мавҷуд аст, ки сенарияи ҳаводиси соли 2014 такрор гардад. Ин шароитро агар аз диди манфиатҳои кишварҳои фиристандаи муҳоҷирон баррасӣ кунем, пас маълум мешавад, ки эҳтимол буҳрони нави иқтисодӣ дар пеш бошад ва он ба сатҳи некуаҳволии мардум таъсири ниҳоят манфӣ мерасонад.

3.Ҳодисаҳои имруза идомаи буҳрони 2014 аст ва мустақиман ба он рабт дорад. Яъне консерватсия шудани буҳрон ё мушкилот дар миёнамуҳлат эҳтимоли суистифода шудани онро аз ҷониби бозингарони хориҷӣ зиёд мекунад. Бинобар ин, ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти мавҷуда бо назардошти ҳузур ва фаъолият доштан дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ба як рукни муҳими ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллӣ мубаддал мекунад.

4.Омили манфие, ки дар ростои ин буҳрон ба назар расид, ин эҳёи суннатҳои ҷанги сард аст. Ҳам Ғарб ва ҳам Русия бо он сиёсатҳое, ки аз ҷанги сард мерос гирифтаанд, буҳронро дар шакли пӯшида нигоҳ доштанд ва нахостанд онро ҳал кунанд: дар натиҷа кор аз кор гузашт ва то инҷо омада расид. Яъне дар эҳёи принсип ва суннатҳои ҷанги сард ҳарду тарафи низоъ (Ғарб ва Русия) “гунаҳкор” ҳастанд.

Дар ин марҳила мо – ҷомеа ва корбарони фазои шабакаҳои иҷтимоии ватанӣ набояд ба ҷонибдору мухолифи сиёсату амалкарди кишварҳои калидии буҳрон тақсим шавем ва масъаларо бояд аз диди манфиатҳои Тоҷикистон баррасӣ кунем. Он энергияе, ки ба таблиғу тафсир ва муаррифии сиёсатҳои Ғарб ва Русия сарф мешавад, беҳтар ба самти созандагӣ нигаронида шавад. Чун барои мо муҳимтар аз манфиатҳои миллии кишварамон нуктае дигаре бояд асосӣ набошад.

5.Вазъи имруза ба он мебарад, ки ҷонибдорону манфиатдорони буҳрон то ҷое бошад, сиёсат ва манфиати худро таъмин мекунанд ва ягона кишваре, ки бохт мекунад маҳз Украина аст. Мутаассифона, ҳамаи амалкарди ин кишвар мутобиқ ба стратегияи “бохт-бохт” аст. Ва дигар давлатҳои пасошуравиро бояд ҳушёр кунад, то манфиатҳои олии кишвари худро қурбонии бозиҳои геополитикӣ накунанд.

6.Пешбинӣ намудани рушди эҳтимолии вазъ комилан ғайриимкон мебошад ва онро аз чанд зовия баҳогузорӣ намудан мумкин аст: эҳтимоли ҷанги нав калон аст(1); манфиатҳои Украина ба савдо гузошта мешавад ва бо қонеъ шудани ҳадафҳои Ғарб ва Русия ба эътидол омада, консерватсия мегардад(2); эҳтимоли сар задани низоъи нав дар сарҳадҳои собиқ кишварҳои пасошуравиро бештар мекунад, масалан Толибон аз вазъ истифода намуда, ба ҳалли масъалаи Панҷшер шуруъ намуданд(3); ва ғайра…

7.Аз диди манфиатҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марҳилаи кунунӣ мавқеи бетарафӣ ва даъват ба эътидол овардани масъала тариқи гуфтушунид, бидуни тарафдории мавқеи яке аз ҷонибҳои буҳрон (Ғарб ва Русия) беҳтарин стратегия аст. Зеро агар нисбат ба ҷонибе афзалият диҳанд, хатару таҳдид ва зарарҳои зиёдеро барои манфиатҳои миллии худ ба вуҷуд меоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.