Кори ширкати “Почтаи тоҷик” дар Суғд буҳронӣ ва зараровар шудааст

Ширкати давлатии “Почтаи тоҷик” дар шимолии Тоҷикистон аз зиёновар шудани кори баъзе аз бахшҳои ин соҳа нигарон аст. Баъди он, ки хидматрасонии пардохти нафақа ва қабули маблағи барқ аз дасти ин ширкат ба ихтиёри бонки давлатии “Амонатбонк” рафтааст, даромади “Почтаи точик” ба шиддат коҳиш ёфтааст. Ширкати  “Почтаи тоҷик” як ширкати давлатии фаръии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мебошад.  […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ширкати давлатии “Почтаи тоҷик” дар шимолии Тоҷикистон аз зиёновар шудани кори баъзе аз бахшҳои ин соҳа нигарон аст. Баъди он, ки хидматрасонии пардохти нафақа ва қабули маблағи барқ аз дасти ин ширкат ба ихтиёри бонки давлатии “Амонатбонк” рафтааст, даромади “Почтаи точик” ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Ширкати  “Почтаи тоҷик” як ширкати давлатии фаръии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мебошад. 

Маннон Юсупов, сардори ин “Почтаи тоҷик” дар вилояти Суғд рӯзи 24-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло шуъбаҳои алоқа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёновар шудаанд. Ӯ барои мисол аз шуъбаҳои алоқа дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ёдовар шуда афзуд, “худмаблағгузорӣ карда наметавонанд, зиёновар мебошанд”.

Вай далели якбора зиёновар шудани кори шуъбаҳои почтаро ба хидматрасониҳое рабт дод, ки иҷрои он ҳамакнун дар ихтиёри “Амонатбонк” аст.

“Мо аз буҷет маблағ намегирем ва он хидматрасониҳое, ки почта анҷом медод бо мурури замон “Амонатбонк” гирифт. Маблағи барқро қабул мекардем, пули нафақаро медодем, ки онро ҳам аз мо гирифтанд. Дар мо танҳо масъалаи обуна монду халос”,-гуфт, Маннон Юсупов.

“Почтаи тоҷик” дар 18 шаҳру ноҳияи шимолии Тоҷикистон шуъбаҳои худро дорад. Масъулин мегӯянд, ҳоло қисме аз онҳо то ҳатто иқтидори пардохти маблағи андоз, маблағҳои коммуналӣ ва маоши кормандони худро надоранд ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда пардохт мешаванд. Ин ширкати давлатӣ дар вилояти Суғд беш аз 300 хаткашону корманд дорад, ки маоши миёнаи онҳо ҳудуди 800 сомонӣ аст.  

Маннон Юсупов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳоло даромади ин ширкат танҳо аз обунапулӣ, қабулу интиқоли рӯзномаву маҷалла ва номаву муросилоти мардум аст, ки аз ин намуди хидматрасонӣ  даромади кофие ба даст намеояд. Оғози сол ширкати “Почтаи тоҷик” бо дархост аз  намояндагони нашрияву маҷаллаҳо хоста буд, нархи хидматрасониро каме боло бардоранд, вале ба гуфтаи Маннон Юсупов “касе розӣ нашуд”. 

“Газ, бензин қимат шуд, ки ин ба кори мо таъсир расонид. Ронандаҳо соли гузашта аз Душанбе ба маблағи 30 дирам бор меоварданд, ҳоло 50 дирам шуд. Лекин нархи дастраскунии мо боло нарафтааст. Мисол ҳоло мо барои бурдани як мактуб то Кӯҳистони Мастчоҳ 30-40 дирам ҳаққи хидматрасонӣ мегирем”,-гуфт, сардори корхонаи давлатии “Почтаи тоҷик” дар Суғд.

Масъулини “Почтаи тоҷик” мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои баргардонидани баъзе аз хидматрасониҳо ба ширкати Барқи тоҷик мактуб ирсол кардааст. Агар “хидматрасонии қабули маблағи барқ боз дар ихтиёри “Почтаи тоҷик” гузарад, барои ҳама фоидаовар мешавад”-мегӯяд, Маннон Юсупов. Аммо чизе, ки амалишавии он то ҳол норӯшан аст.

Даромади ширкати “Почтаи тоҷик” дар вилояти Суғд соли гузашта ба беш аз 2 миллиону 860 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, ки 1 миллион сомонии он аз ҳисоби хидматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад. Дар муқоиса ба соли 2020 даромади ин ширкат соли гузашта коҳиш наёфтааст, балки 101,6 дарсад афзудааст.

Аммо масъулини ин ширкат бар он боваранд, ки танг шудани бозори корӣ ва аз даст додани бархе аз хидматрасониҳо боис ба коҳиш ёфтани даромаднокии ин ширкати давлатӣ шудааст.

Дар чанд соли охир ширкатҳои нави муросилотӣ ба монанди “Почтаи аср” дар бозори дастраскунии мактубу равонакҳо фаъол шуд ва ин бозорро барои “Почтаи тоҷик” танг кард. Худи масъулин низ тасдиқ мекунанд, ки хидматрасонии чунин ширкатҳо назар ба кори ширкати давлатии хаткашон тезтар мебошад. Вале мегӯянд, се чаҳор маротиба аз хидматрасонии “Почтаи тоҷик” гаронтар аст.

Солҳои охир гурӯҳе аз сокинон дар Тоҷикистон аз дер ба манзил расидани санаду дигар бастаҳои фиристодаашон тариқи ширкати “Почтаи тоҷик” шикоят низ мекунанд. Масъулин чунин мушкилро дар кӯҳнаву фарсуда шудани нақлиётҳои махсус медонанд, ки дар баъзе ҳолатҳо сабабгори саривақт дастрас нашудани муросилоти почтавӣ ба муштариён мегардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.