The New York Times: Зеленский барои бисёре аз афғонҳо қаҳрамон шуд

Нашрияи "The New York Times" дар як матлаб навиштааст, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин пас аз чанд рӯзи истогарияш дар муқобили ҳамлаи Русия ба ин кишвар, миёни бархе аз афғонҳо ба як қаҳрамон табдил шудааст. Ин нашрия навиштааст, ки "Зеленский барои бисёре аз афғонҳое, ки эҳсос мекунанд тавассути Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури худашон дар моҳи август, […]

Нашрияи "The New York Times" дар як матлаб навиштааст, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин пас аз чанд рӯзи истогарияш дар муқобили ҳамлаи Русия ба ин кишвар, миёни бархе аз афғонҳо ба як қаҳрамон табдил шудааст.

Ин нашрия навиштааст, ки "Зеленский барои бисёре аз афғонҳое, ки эҳсос мекунанд тавассути Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури худашон дар моҳи август, замоне, ки "Толибон" Кобулро муҳосира карданд, танҳо раҳо шуданд ва ғ ба Аврупо фирор кард, ба як қаҳрамон табдил шудааст".

Ба навиштаи ин нашрия, ҷаноби Зеленский баъд аз ин ки неруҳои Русия ба Укроин дохил шуданд, дар кишвараш монд  ва чандин муроҷиатҳои видеоии таҳрикдиҳандае нашр кард, ки дар яке аз онҳо ӯ ҳамроҳ бо мушовиринаш дар пеши қасри раёсатҷумҳурӣ буд. "Афғонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳо ва видеоҳое аз ин роҳбари Укроинро, ки дар тан либоси низомӣ дорад, нашр карда ӯро ситоиш кардаанд ва бо раисҷумҳури фирории худ муқоиса кардаанд",-менависад нашрия.

«Ду қаҳрамон», – навиштааст узви пешини порлумони Афғонистон Ориф Раҳмонӣ дар ду аксе, ки аз Зеленский ва Ғанӣ дар дар Twitter нашр кардааст. «Яке қаҳрамони ҷанг ва ватандӯстӣ ва дигаре қаҳрамони фирор ва хиёнат».

Ғанӣ дар пайи суқути Кобул аввал ба Ӯзбекистон ва сипас ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор кард, ки ҳоло ҳам он ҷо зиндагӣ мекунад. 

Ӯ баъдан дар як мусоҳиба Би-Би-Си гуфт барои он фирор кард, ки  аз хунрезӣ ва варон шудани пойтахт ҷилавгирӣ кунад. "Ман маҷбур шудам худамро қурбон кунам то Кобулро наҷот диҳам", гуфта буд ӯ.

Вале ба навиштаи "The New York Times" ин худсафедкуниҳои ӯ бисёре аз афғонҳоро қонеъ накард, ки ӯро дар хиёнат ба миллате, ки ба унвони раисҷумҳур 7 сол раҳбарашон буд, муттаҳам кард.

"Зеленскийро барои мардонагие, ки бо мардумаш монд ва алайҳи ҳамлаи Русия мубориза мекунад, бояд ситоиш кард",- навиштааст дар Twitter Амин Сайқал, нависандаи афғони муқими Австралия. "Ӯ он кореро, ки раисҷумҳури собиқ Ашрафғанӣ: то расидани толибон ба Кобул аз кишвар фирор кард, накард".

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".