Як сокини Ваҳдатро барои тамошову нашри матолиби ифротӣ 5 сол равонаи зиндон кардаанд

Дар шаҳри Ваҳдат сокини маҳаллӣ барои даст доштан дар ташкили фаъолияти созмони ифротгаро баром 5 соли равонаи зиндон шуд. Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Беҳрӯз Раҳмонзода дидаву дониста, ки дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаракати “Толибон”, чопи нашрияҳо ва кори […]

Дар шаҳри Ваҳдат сокини маҳаллӣ барои даст доштан дар ташкили фаъолияти созмони ифротгаро баром 5 соли равонаи зиндон шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Беҳрӯз Раҳмонзода дидаву дониста, ки дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаракати “Толибон”, чопи нашрияҳо ва кори сомонаҳои онҳо манъ аст, мунтазам тариқи YouTube дар телефони худ сабту наворҳои аудио-видеоии дорои мундариҷаи ифротгароии онҳоро тамошо мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, Раҳмонзода дар шабакаи YouTube бо номи мустаори Ahmad Abdullah саҳифаи худро боз намуда, сабту наворҳои зикршударо дар он мегузоштааст ва бо ин амалаш нишон медодааст, ки ақидаҳои онҳоро дастгирӣ мекунад.

Гуфта мешавад, нисбат ба Беҳрӯз Раҳмонзода бо моддаи 307 (3) (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо ҳукми суд ӯ ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.