Мансаби нави Ёдгор Файзов: мушовири Бунёди Оқохон барои Осиёи Марказӣ

Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки моҳи 5-уми ноябри соли гузашта аз мақоми раиси ин вилоят барканор шуда буд, мансаби нав гирифтааст. Бино ба иттилои дарёфтии "Азия-Плюс" Ёдгор Файзов дар Бунёди Оқохон  (AKF) мушовир таъин шудааст.  Ба иттилои манбаъи "Азия-Плюс" Ёдгор Файзов, тақрибан ду моҳ пештар мушовири Бунёди Оқохон барои Осиёи Марказӣ таъин […]

Asia-Plus

Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки моҳи 5-уми ноябри соли гузашта аз мақоми раиси ин вилоят барканор шуда буд, мансаби нав гирифтааст. Бино ба иттилои дарёфтии "Азия-Плюс" Ёдгор Файзов дар Бунёди Оқохон  (AKF) мушовир таъин шудааст. 

Ба иттилои манбаъи "Азия-Плюс" Ёдгор Файзов, тақрибан ду моҳ пештар мушовири Бунёди Оқохон барои Осиёи Марказӣ таъин шудааст.

"Аз рӯйи вазифа Ёдгор Файзов бояд дар дафтари марказии Бунёд дар Женева бошад, аммо дар ҳоли ҳозир ӯ кору вазифаашро аз Душанбе пеш мебарад",-гуфт манбаи мо.

Ёдгор Файзов дар аввали моҳи ноябри соли 2021, пас аз се соли кор дар мақоми раиси ВМКБ аз вазифааш барканор шуд ва ин барканорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ барканории Файзов ба мавҷи вокунишҳои корбарон рӯ ба рӯ шуд.

Он замон ба ҷойи  Ёдгор Файзов Алишер Мирзонаботзода, ки то ин вақт дар симати раиси шаҳри Хоруғ кор мекард, таъин шуд, ки дар гузашта муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам буд.

Ёдгор Файзов, ки дар миёни мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи Бадахшон ба унвони раиси собиқи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон аз нуфузи зиёде бархӯрдор аст. Ӯ 1-уми октябри соли 2018, пас аз норизоятии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори раҳбарии пешини ВМКБ, раиси ин вилоят таъин шуда буд.

Баъд аз раиси ВМКБ шудан, Файзов бо амалкардҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримаъмул ва суханрониҳои бепардаву барои мардум ва расонаҳо дастрас буданаш, хеле маъруф шуд. Ӯ дар мусоҳибаҳои зиёде бо расонаҳо  ва ҳузури шахсияш дар даргириҳову гирдиҳамоиҳо ба яке аз мансабдорони мардумгаро ва қобили эътимод табдил ёфт.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва муовини аввалаш, ҳоло раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботзода ҳангоми пазироӣ аз сокинони вилоят. Соли 2019.


Дар пайи барканории Файзов аз мақоми раиси ВМКБ 16-уми декабри соли 2021 ӯро аз узвият ва муовинати раиси Маҷлиси милл-палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ҳам барканор карданд. 

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ он замон хабар дода буд, ки дар баробари масоили дигар, масъалаи "пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Файзов Ё.Д. баррасӣ шудааст".

Баъди барканорӣ аз мақоми раиси ВМКБ, номи Файзов дигарбора пас аз ҳаводиси охири моҳи ноябри Роштқалъву Хоруғ сари забонҳо шуд. Пас аз куштани шудани Гулбиддин Зиёбеков як сокини ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти неруҳои қудратиии Тоҷикистон ва бар пай он сар задани эътирозҳои 4-рӯза дар Хоруғ, мақомоти қудратӣ дар ТВ "Бадахшон" як филми мустанадро нашр карданд, ки дар он мақомоти дар бораи омилҳои ҳодиса ва гунаҳкорони он ҳарф мезаданд.

Ёдгор Файзов, ба унвони раиси собиқи вилоят дар ин филм баёнот дода буд ва бархе аз паҳлӯҳои норӯшани қазияро шарҳ дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.