Дар Тоҷикистон фаромадани тармаву сангреза ва сел идома дорад. Талафоти ҷонӣ нест

Кумитаи ҳолатҳои фавқлулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои фаромадани тармаву сангреза ва сел ба қайд гирифта шудааст. Ба ин тариқ, 15 март боришоти зиёд ба фаромадани сангреза дар километрҳои 65, 66 ва 71-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим, тарма дар километрҳои 473 ва 550-уми роҳи Душанбе – Рӯшон – Хоруғ […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқлулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳодисаҳои фаромадани тармаву сангреза ва сел ба қайд гирифта шудааст.

Ба ин тариқ, 15 март боришоти зиёд ба фаромадани сангреза дар километрҳои 65, 66 ва 71-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим, тарма дар километрҳои 473 ва 550-уми роҳи Душанбе – Рӯшон – Хоруғ ва сел дар километри 449-уми роҳи Кӯлоб – Дарвоз – Ванҷ – Хоруғ ва километри 153-юми роҳи Хоруғ – Ишкошим боис гардид. Дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Корҳои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ идома дошта, айни замон роҳҳои мошингарди Ванҷ – Рӯшон, Шуғнон – Хоруғ, Рӯшон – Бартанг, Хоруғ – Роштқалъа, Хоруғ – Мурғоб ва Мурғоб – Қулма муваққатан бастаанд.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки то 20 март дар қаламрави кишвар эҳтимоли боришоти зиёд, болоравии сатҳи оби дарёҳо, фаромадани тармаву сангреза ва селу ярч боқӣ мемонад.

Дар ин робита КҲФ бори дигар аз аҳолӣ даъват мекунад, ки дар ин гуна рӯзҳо аз сафарҳои безарурат, рафтан ба мавзеъҳои тармафаро, кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, шикоргоҳ ва чорвочаронӣ худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.

Илова бар ин, КҲФ аз аҳолии муқими доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистонӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати бомҳо диққат диҳанд. Хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад.

Тавсия мешавад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ё дар қитъаҳое, ки хавфи резиши сангу лағзиши тарма доранд, қоидаҳои ҳаракати роҳ, бахусус меъёри масофаро ҷиддан риоя кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.