Дар Қирғизистон тамринҳои низомӣ ҷараён доранд – бори нахуст бо ҳавопаймоҳои бесарнишин

Дар вилояти Иссиқ-Кӯли Қирғизистон тамрини низомии махсуси тактикии “Капкан-2022” (Дом-2022) оғоз шуд. Бори нахуст дар таърихи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҷараёни тамринҳо ҳавопаймоҳои зарбазани бесарнишини “Байрактар ТБ-2” истифода мешавад. Тамринҳо дар пойгоҳи маркази таълимии “Эднлвейс”-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Баликчи мегузаранд. Дар ҷараёни баргузории он сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ, президенти ин кишвар Садир Жапаров ҳузур […]

Дар вилояти Иссиқ-Кӯли Қирғизистон тамрини низомии махсуси тактикии “Капкан-2022” (Дом-2022) оғоз шуд. Бори нахуст дар таърихи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҷараёни тамринҳо ҳавопаймоҳои зарбазани бесарнишини “Байрактар ТБ-2” истифода мешавад.

Тамринҳо дар пойгоҳи маркази таълимии “Эднлвейс”-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Баликчи мегузаранд. Дар ҷараёни баргузории он сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ, президенти ин кишвар Садир Жапаров ҳузур дорад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Ҳадаф аз баргузории тамрин “омӯзишу таҷриба ва санҷиши амали сохторҳои қудратии Қирғизистон дар мавриди маҳви душмани шартӣ, ки қитъаи сарҳади давлатиро гузаштааст” унвон мешавад. Дар он воҳидҳои КДАМ, Вазорати мудофиа ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода иштирок мекунанд.

Ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрактар”-ро Қирғизистон аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ охири соли 2021 аз Туркия харида, ба ихтиёри Қувваҳои мусаллаҳ дод. Раиси КДАМ Қамчибек Тошиев қаблан изҳор дошта буд, ки онҳо дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ба навбатдории ҷангӣ гузошта шудаанд.

Тавре ки хабаргузории “Фергана” менависад, ахиран Қирғизистон иқтидори қӯшунҳои сарҳадии худро ба таври назаррас тақвият медиҳад. Рӯзи 25 март 55 автомашинаи зиреҳпӯш (СБМ-233136 «Тигр») ва инчунин 50 автомобили “КамАЗ” ба ин сохтор дода шуд, ки барои ҳамлу нақли ҳайати шахсӣ, бору маҳсулоти гуногун пешбинӣ шудааст.

Моҳи октябри соли гузашта Хадамоти марзбонии Қирғизистон 40 автомашинаи зиреҳпӯш гирифта, онҳо ҷиҳати тақвияти имкноти ҳайати шахсӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ба вилояти Ботканд фиристода шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.