Иззат Амон бо даъвогар вохӯрд, аммо баҳси 4 ҳазор доллар боқист. Гардишҳои нави парвандаи ӯ

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки соли гузашта ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, иттиҳом ё боз шудани парвандаи нав (қаллобӣ) – ро алайҳаш рад намудааст. Баъди вохӯрии ӯ бо даъвогар, қазия ба гардиши нав ворид шудааст. Дар ин бора писари Иззат Амон Муҳаммадюсуф Холов ба “Азия – Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, ки чанде пештар Иззат Амон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки соли гузашта ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, иттиҳом ё боз шудани парвандаи нав (қаллобӣ) – ро алайҳаш рад намудааст. Баъди вохӯрии ӯ бо даъвогар, қазия ба гардиши нав ворид шудааст. Дар ин бора писари Иззат Амон Муҳаммадюсуф Холов ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, ки чанде пештар Иззат Амон дар боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо даъвогар Нурулло Воҳидов, ки гуфта мешуд, барои аз зиндони Мардова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вохӯрд ва иттиҳоми пешовардаи ӯро рад кард.

Дар вохӯрӣ, Воҳидов тасдиқ намудааст, ки бар ивази 6 ҳазор доллари қарзаш як мошини тамғаи “Мерседес” – ро гирифтааст ва акнун даъво дорад, ки 4 ҳазор доллари боқимондаро баргардонад. Ин дар ҳолест, ки Иззат Амон гуфт, 4 ҳазори боқимондаро ба ҳамсари русаш дар Маскав расондааст.

– Ҳамин тариқ, парванда ба гардиши нав ворид ва акнун Нурулло Воҳидов даъво дорад, ки 4 ҳазор доллари қарзашро диҳем. Дар ҳоле ки падарам ба ӯ исбот намуд, ки ба зани русаш 4 ҳазори дигарро додааст. Вале ҳоло мушкил сари ин аст, ки зани руси даъвогар бедарак аст ва дар куҷо қарор доштанаш маълум нест, – гуфт Муҳаммадюсуф.

Ба иттилои манбаъ, алайҳи Иззат Амон бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ) паврандаи нав боз шудааст.

Саидбурҳон Шарипов, вакили дифои Иззат Амон ҳам ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар парванда забонхати Иззат дар мавриди гирифтани маблағ вуҷуд дорад.

“Ба ҷойи 6 ҳазор доллар мошин додаанд, ки инро ҷабрдида эътироф кард. Ҳоло баҳс сари 4 ҳазор доллари дигар давом дорад. Иззат мегӯяд ба кадом русзане бо номи Таня додааст, аммо ягон далели хаттӣ надорем. Исботи ин беҳад мушкил аст. Рубарӯкунӣ гузаронидем, ҳар касе дар мавқеи худ истодааст”,-гуфт Шарипов.

Ёдовар мешавем, ки як моҳ пештар наздикони Иззат Амон аз боз шудани парвандаи нав алайҳи ӯ хабар дода буданд. Модари Иззат Амон, Ашӯрбибӣ Холова, дар суҳбат бо “Азия – Плюс” боз шудани парвандаи нав алайҳи писарашро беасос дониста, гуфта буд, ки ин масъала ҳафт сол пеш ҳал шудаасту ниёзе ба боз кардани паврандаи нав надошт.

Ӯ афзуда буд, масъала сари 10 ҳазор долларе аст, ки ҳанӯз ҳафт сол пеш ҳал шудааст.

– Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони Мордова буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми он, 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд,- гуфт модари Иззат Амон.

Он замон, Саидбурҳон Шарипов вакили дифои Иззат Амон гуфта буд, ки аз қазия огоҳ аст ва барои исботи иттиҳом дар парвандаи нав алайҳи Иззат Амон ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост фиристодааст.

Бояд гуфт, ки ҳудуди се моҳ пеш дар “Ютуб” наворе пайдо шуд, ки марде худро Нурулло Воҳидов, сокини ноҳияи Бохтар муаррифӣ карда мегӯяд, барои аз зиндони Мардова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вале ӯ ваъдаашро иҷро накард.

Ин мард мегӯяд, забонхати Иззат Амонро баро гирифтани 10 ҳазор доллар дар даст дорад.

Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошт.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.