Додситонии кул: раиси ноҳияи Файзобод заминҳоро ба аҳолӣ ғайриқонунӣ додааст

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд дар натиҷаи як санҷиш дар ноҳияи Файзобод қонуншиканиҳои зиёдеро дар самти тақсим ва истифодаи замин ошкор карда, нисбати ду мансабдори ин ноҳия парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бораи Додситонӣ дар сайти худ матлабе нашр кардааст.  Додситонӣ навиштаст, ки “раиси ноҳияи Файзобод бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд дар натиҷаи як санҷиш дар ноҳияи Файзобод қонуншиканиҳои зиёдеро дар самти тақсим ва истифодаи замин ошкор карда, нисбати ду мансабдори ин ноҳия парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бораи Додситонӣ дар сайти худ матлабе нашр кардааст. 

Додситонӣ навиштаст, ки “раиси ноҳияи Файзобод бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои сохтмони ҳаргуна иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда додааст”.

Ин ниҳод гуфтааст, раиси ноҳия аз ҷумла, солҳои 2019-2020 бо 4 қарори ноҳия 0,43 гектар замини таъиноти кишоварзиро ғайриқонунӣ ба 4 шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додааст.

Ба ғайр аз ин, раиси ноҳия дар ин давра бо 3 қарори худ майдони 1 гектар заминҳои нақлиёти ноҳия, ки ба корхонаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия тааллуқ дошт ба 11 нафар ва майдони 0,26 гектар замини солимгардонӣ, ки ба шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия тааллуқ дошт ба 2 нафар барои сохтмони манзили истиқоматӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда додааст, – менависад Додситонии кул.

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин, ҳолатҳои ба сокинони дигар ноҳия додани замин ва ба онҳое, ки ба замин эҳтиёҷ надоранд, хабар додааст. Аз ҷумла гуфтааст, ки “ба 6 нафар шаҳрванде, ки дар рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд набуда, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд, бо қарорҳои раиси ноҳия ҳамчун оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст”.

Ба навиштаи ин ниҳод, дар натиҷаи санҷиш қарорҳо бекор ва заминҳо ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Аммо бо вуҷуди зикр шудани чандин қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳияи Файзобод, Додситонии кул нагуфтааст, ки барои ин амалҳояш нисбати раиси ноҳияи Файзобод чӣ чора андешида шудааст.

Дар матлаби нашркардаи Додситонии кулл, аз раиси ноҳияи Файзобод, ки дар тақисми ғайриқонунии замин гунаҳкор карда мешавад, ном бурда намешавад. Аммо ҳоло раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода аст, ки моҳи ноябри соли 2020 ба ин мансаб таъин шуд. Аз ӯ пештар, Миралӣ Раҷабзода раиси ин ноҳия буд.

Ин ниҳод ҳамчунин, ҳолатҳои хариду фурӯши заминро аз ҷониби мансабдорони ин ноҳия ошкор кардааст.

Аз ҷумла, собиқ раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод, Ҳасанов И.И. 1,68 га замини кишоварзиро дар ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд, Меҳробод ва ба номи Дустмурод Алиев ба 27 шаҳрванд ғайриқонунӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додаанд.

– Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бедил»-и ноҳия Раҳимов Қ.Қ. дар шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки фермаи комплексии сохтмонаш нотамом харидорӣ намудааш масоҳати умумии қитъаи заминро, ки 5,50 гектарро ташкил медод, бо роҳи сохтакорӣ 15,50 гектар нишон дода, сипас майдони 3,0 га замини таъиноти кишоварзӣ (намуди чарогоҳ) бо роҳи сохтакорӣ аз худнамудаашро ба 33 нафар шаҳрванд ғайриқонунӣ бар ивази 285 ҳазор сомонӣ, 120 000 рубли русӣ ва 8 ҳазору 800 доллари ИМА ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст, – гуфтааст Додситонии кул

Нисбати Ҳасанов И.И. ва роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. барои ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва сохтакории шаҳодатномаи конунгардонии молу мулк парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Бинобар баргардонидани зарар истеҳсолоти суд нисбати  Ҳасанов дар асоси қонуни авф қатъ карда гардидааст.

Роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. 96 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.