Ба пушт хоб асту тоқӣ медӯзад: Косиби маъюбе аз Панҷакент, ки мехоҳад бо президент вохӯрад

Комил Бобоев як сокини 54-солаи шаҳри Панҷакентро, ки маъюби гурӯҳи 1-ум мебошад, дар чаҳор соли ахир, бори дуюм аст, ки намегузоранад ба мулоқоти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ин шаҳр, биравад. Ӯ мегӯяд, танҳо орзуи дидор бо Эмомалӣ Раҳмонро дораду халос. Комил Бобоев ба имконоти маҳдуди ҷисмонии худ нигоҳ накарда, ҳунармандӣ мекунад. Ӯ […]

Хуршед Фозил, барои Asia-Plus

Комил Бобоев як сокини 54-солаи шаҳри Панҷакентро, ки маъюби гурӯҳи 1-ум мебошад, дар чаҳор соли ахир, бори дуюм аст, ки намегузоранад ба мулоқоти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ин шаҳр, биравад.

Ӯ мегӯяд, танҳо орзуи дидор бо Эмомалӣ Раҳмонро дораду халос.

Комил Бобоев ба имконоти маҳдуди ҷисмонии худ нигоҳ накарда, ҳунармандӣ мекунад. Ӯ рост нишаста наметавонад ва корҳои ҳунари дастиашро дар ҷойгаҳ ба пушт хоб рафта иҷро мекунад.

–  Вақте соли 2018 президент ба Панҷакент ташриф овард, дар намоиши ҳунарҳо, маҳсули ҳунарҳои дастии маро бурда буданд, вале маро фиреб карда роҳ надоданд, ки бо президент вохӯрам.

Имсол бошад, аз ҳукумат ваъда доданд, ки маро ба чорабинӣ роҳ медиҳанд. Бо азобе то варзишгоҳ рафтам, чандин нафар монеъа шуданд. Шояд агар ман пойи равон медоштаму маъюб намебудам ва дар ягон ҷо кор мекардам, баробари дигарон даъватнома гирифта, дар чорабинӣ иштирок ва ба дидори президент мушарраф мегардидам, – мегӯяд Комил Бобоев.

Дар саҳифаи Фейсбукии худ Комил Бобоев менависад, ки танҳо дидори президентро мехосту халос:

“Ассалому алайкум Ҷаноби олӣ, рӯзатон ба хайру шодӣ бошад. Моҳи шарифи Рамазон ба шумо ва ба мардуми мусулмон муборак шавад. Ман Комил ҳастам, сокини Панҷакент, маъюби гурӯҳи якум. 18 сол боз ин ҷониб беморам, аз пойи равон маҳрумам, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафта бемор шуда омадам. Тақдирам ҳамин будааст”,- менависад Бобоев дар саҳфааш.

Дар идомаи навиштааш зикр мекунад, ки устои сохтмон буду баъди бемор шудан корҳои дастӣ ва ҳунарҳои мардумиро давом дод, ки ҳоло ба кори бофандагӣ машғул аст. Бофтани сабаду наққошиҳо ва бофтану сохтани зарфу олоти ороишӣ аз коғаз ва ришта.

“Бофандагиро аз модарам омӯхтам, ҳоло давом дода истодаам. Оиладорам, соҳиб се духтар. Ба бемориам нигоҳ накарда духтарҳоямро хонондам. Духтари калониам дар озмуни хонандагон дар Душанбе соҳиби медали тилло шуд, омада дар литсейи шаҳри Панҷакент квотаи президентиро дарёфт карду Донишгоҳи тиббиро хатм кард. Духтари дигарам риштаи равоншиносии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм карда, ҳоло дар Донишгоҳи омӯзгорӣ дар Панҷакент аз фанни психология таълим медиҳад”,- навиштааст дар идомаи муроҷиаташ ба президент.

Ин сокини Панҷакент мегӯяд, ки падар ва модарам дар ҳаёт нестанд.

Як бародари калониам дар Русия вафот кард, ки ба Тоҷикистон оварда натавонистем, шароит нашуд барои овардан. Модарам аз ғами бемории ман ва марги бародарам аз дунё гузашт,- мегӯяд ӯ.

“Ман ин суханҳоро бо ашки гирён нависта истодаам. Ман ҳама чиз дорам, замини корам, 50 сотих замини президентӣ. Мехостам як бор чеҳраи нурониатонро бубинам, чаҳор сол пеш ба шаҳри Панҷакент омада будед, роҳ надоданд. Боз кӯшиш кардам, ки нашуд. Бо мушкилиҳое ба варзишгоҳ рафтам, лек нашуд. Хостам ҳунарҳоямро нишон диҳам, ҳамаи ҳамин ҳунарҳо дар ҷогаҳ хоб рафта меҳнат кадаам. Бисёр орзу доштам, ақаллан як бор бо шумо вохӯрам, шояд Худованд насиб гардонад. Худованд нигаҳбонатон бошад. Саломату сарбаланд бошед”.

Намунаи корҳои ҳунари дастии Комил харидорони худро доранд. Чанде пеш ҳатто аз Қазоқистон ҳамватанон ба Комил Бобоев чанд дона тоқӣ фармоиш дода, харидаанд. Ӯ мегӯяд, чанд номгӯи дигари ҳунараи дастиамро як укроинӣ мехост харидорӣ кунад, тавассути интернет маро дарёфта буд, аммо вазъ дар он ҷо бад гардид ва муомилаи мо анҷомношуда монд.

Комил Бобоев бо 420 сомонӣ нафақаи маъюбӣ рӯз мегузаронад, ки ин барои зиндагиаш басанда нест. 50 садяк ҳисса саҳми замини корамашро хешовандонаш мекоранду ҳосилашро ба ӯ медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.