Вазирони корҳои хориҷии Русия ва кишварҳои ОМ таъмини суботи минтақаро баррасӣ мекунанд

Имрӯз вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии Русия ва панҷ давлати минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) тариқи видеоконфронс доир мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Дар ин мулоқт вазирони корҳои хориҷии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот вазирон масоили таъмини амнияту субот дар минтақа ва муқовимат […]

Имрӯз вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии Русия ва панҷ давлати минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) тариқи видеоконфронс доир мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ин мулоқт вазирони корҳои хориҷии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот вазирон масоили таъмини амнияту субот дар минтақа ва муқовимат бо таҳдидҳои терроризму ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

“Атрофи вазъи ҷорӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя табодули назар сурат мегирад”, – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр шуд, ки ба дурнамои густариши чаҳорчӯби “шашгона” ба соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила бо шумули нақлиёту энергетика, вазъи мусоиди беҳдоштиву эпидемиологӣ ва амнияти миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.