Созишнома имзо шуд. Чин ҳар сол 30 донишҷӯйи тоҷикро ба таҳсил фаро мегирад

“Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” рӯзи 22 апрел бо яке аз донишгоҳҳои бонуфузи вилояти Гансуи Чин созишномаи таҳсили муштараки донишҷӯёни тоҷикро ба имзо расонид. Дар асоси ин созишномаи сеҷониба ҳамасола гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба Донишгохи касбию техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу фиристода мешаванд. Бино ба муқаррароти созишнома Чин ба Тоҷикистон аз […]

Asia-Plus

“Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” рӯзи 22 апрел бо яке аз донишгоҳҳои бонуфузи вилояти Гансуи Чин созишномаи таҳсили муштараки донишҷӯёни тоҷикро ба имзо расонид.

Дар асоси ин созишномаи сеҷониба ҳамасола гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил ба Донишгохи касбию техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу фиристода мешаванд.

Бино ба муқаррароти созишнома Чин ба Тоҷикистон аз ҳисоби донишҷӯёни тоҷик мутахассиони баландихтисос дар бахши маъданҳои кӯҳӣ, коркард ва метлургияро омода мекунад.

Дар маросими ба имзорасии ин созишнома, ки ба таври маҷозӣ сурат гирифт намояндагони Вазорати саноат ва техналогияи нави Тоҷикистон, вазорати маориф ва илм, масъулини ҳукуматҳои Суғд, Истиқлол, Мастчоҳ, директори генералии “Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” ва масъулони Шуъбаи маорифи вилояти Гансуи Чин иштирок карданд.

Директори генералии «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой» Ли Яо Хуей дар марҳилаи аввали созишнома бо 10 нафар донишҷӯйи тоҷик қарордод баст ва гуфт, ин ширкат онҳоро барои таҳсил ба Донишгоҳи касбию техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу мефиристад.

Ӯ афзуд, онҳо дар ин донишгоҳи вилояти Гансу ҳам забони чинӣ меомӯзанд ва ҳамзамон Чин ба бахши калидии саноати кӯҳии Тоҷикистон мутахассисони коркарди маъдан, геология ва бахшҳои дигари саноати кӯҳиро аз ҳисоби тоҷикон омода мекунад.

«Тибқи созишнома «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой» ҳамасола дастикам 30 нафар мутахассиси металлург аз ҳисоби тоҷиконро омода мекунад, ки ин ба рушди саноати миллии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Бо кор таъмин намудан, ба воя расонидани кадрҳои касбию техникии маҳаллӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён ба омӯзиши забони чинӣ ва дар як вақт омӯхтани донишҳои касбӣ оид ба маъданҳои кӯхӣ, сарватҳои зеризаминӣ, геология, маркшейдерӣ, харитакашӣ, металлургия ва ғайра бо қобилияти муайяни корӣ дар оянда метавонанд дар ширкати мо кор кунанд», – гуфт, Ли Яо Хуей.

Умед Солеҳзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз ба имзо расидани созишномаи таҳсили муштараки донишҷӯёни тоҷик дар Чин истиқбол кард ва гуфт, Тоҷикистон ба мутахассисони баландихтисоси ватанӣ  ниёз дорад.

Вай гуфт, Донишкадаи кӯҳи металургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии касбӣ аст, ки мутахассисонро дар ин бахш омода мекунад.

Ба гуфтаи ӯ 10 нафар донишҷӯёни ин донишкада, ки ҳамакнун таҳсилро дар Чин идома медиҳанд кадрҳои барои иқтисодиёти Тоҷикистон басо зарур омода хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Умед Солеҳзода, “Корхонаи металургии Тоҷикистону Хитой ба панҷгонаи корхонаҳои азими Тоҷикистон шомил буда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти солонаи корхона ба 4 миллиард баробар буда маоши коргаронаш аз 4,5 то 5 000 сомонӣ мебошад. Ин барои ҳал намудани муаммоҳои иҷтимоӣ хело хуб аст. Боварии комил дорем, ки мутахассисони сатҳи зарурӣ омода карда мешаванд”, – афзуд ӯ.   

Тоҷибой Султонӣ, намояндаи ҳукумати вилояти Суғд низ ба имзорасии  созишномаро як қадами устувор миёни ин ду кишвари ба ҳам дӯст номид ва гуфт ин як ташаббуси дигаре дар доираи ҳадафҳои “Як камарбанд, як роҳ” аст. 

Дар ҳамин ҳол ҷонишини мудири шуъбаи маорифи вилояти Гансуи Чин Цзэн Хуахуй дар суҳбати маҷозӣ ва пеш аз ба имзо расидани созишнома гуфт, ки Гансу яке аз марказҳои тамаддунии Чин аст, ки дар болооби рудхонаи Хуан (Рӯди зард) ҷойгир буда, як бахши тиллоии “Роҳи абрешим” аст.

Вай низ ишора ба ташаббуси Чин ва ҳадафҳои “Як камарбанд, як роҳ” ишора кард, ки вилояти Гансу дар таърихи ин кишвар бо бартарии беназири ҷуғрофии “Қисмати тиллои”-ӣ Чин саҳм гузоштаст.

Тзэн Хуахуй гуфт: “Донишгоҳи касбию техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу як мактаби касбии сатҳи баланд бо хусусиятҳои чинӣ муассисаи банақшагирии сохтмон мебошад. Он дорои қудрати қавӣ ва таъсири васеи иҷтимоӣ дорад. Тоҷикистон ҳамсояи наздики Чин буда дар ҳоли ҳозир бо пешрафти пайвастаи бунёди “Як камарбанд, як роҳ” табодули иқтисодӣ ва фарҳангии ин ду кишвар амиқтар ва равобити байни ду мамлакат наздиктар шудааст”.

«Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикикстону Хитой» соли 2007 дар шимолии Тоҷикистон таъсис ёфт ва ба гуфтаи директори генералии ин корхона дар фурсати 15 сол ба яке аз корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон табдил ёфт, ки ҳоло беш аз 4 ҳазор коргар доранд.

Ли Яо Хуей дар суҳбати ҷудогона ба рӯзноманигорон гуфт, ин ширкат давоми фаъолияташ ба буҷаи Тоҷикистон 33 миллиард сомонӣ андоз супурда 1,6 миллиард сомонии дигар ба ҳукумати ин кишвар ёрдампулӣ додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.