Дар Душанбе бинокороне, ки нимашабӣ оромии сокинонро халалдор мекарданд, ҷарима шуданд

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбати шаҳрвандоне, ки нимашабӣ ба кори сохтмон машғул шуда, оромии сокинони ноҳияи Шоҳмансурро халалдор мекарданд, чораҷӯӣ намуд. Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, аз қонуншиканӣ кормандони милитсия аз навиштаи яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook огаҳӣ ёфтанд. Аз навори видеоии аз ҷониби корбар нашршуда ошкор шудааст, ки ронандагони […]

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбати шаҳрвандоне, ки нимашабӣ ба кори сохтмон машғул шуда, оромии сокинони ноҳияи Шоҳмансурро халалдор мекарданд, чораҷӯӣ намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, аз қонуншиканӣ кормандони милитсия аз навиштаи яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook огаҳӣ ёфтанд. Аз навори видеоии аз ҷониби корбар нашршуда ошкор шудааст, ки ронандагони мошинҳои боркаш шабона ва бидуни рақамҳои давлатии бақайдгирӣ машғули коранд.

“Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши шаҳрвандон қарор гирифта, дар зимн аз мақомоти дахлдор дархост намуданд, то нисбати вайронкунандагони тартибот чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад”, – омадааст дар хабари Раёсат. – Аз ин рӯ, бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур гуруҳи кории муштарак таъсис дода шуда, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ба сохтмони манзили 9-ошёна дар ин ноҳия ҶДММ “Розия Сангрез” машғул буда, роҳбари он Маҳмадисо Шарипов мебошад. Тибқи иҷозатнома реҷаи корӣ то соати 22:00 шаб муқарар гардидааст”.

Гуфта мешавад, аммо масъулони ширкати сохтмонии мазкур бинобар сабаби тезонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани он реҷаи кориро дағалона вайрон намуда, дар бевақтии шаб оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.

“Вобаста ба ин ҷиҳати риояи ҳатмии реҷаи корӣ масъулони ширкати мазкур ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки ронандагони автомашинаҳои боркаш дар раванди анҷом додани корҳои сохтмонӣ бе рақамҳои қайди давлатӣ фаъолият намуда, Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудаанд. Вобаста ба ин нисбати ронандагон тибқи талаботи моддаҳои 312 (Идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ) ва 462 (Халалдор кардани оромӣ) КҲМ ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли роҳбарон ва масъулони ширкатҳои сохтмонӣ талаб менамояд, ки ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ талаботҳои муқарраргардида, махсусан реҷаи кориро ба таври қатъӣ риоя намуда, бо амалу рафтори худ боиси халалдор сохтонаи оромии шаҳрвандон нагарданд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонунгузорӣ, ба корҳои сохтмон шабона танҳо бо иҷозаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ машғул шудан мумкин аст.

Анҷоми корҳои сохтмон бо овози баланду гӯшхароши таҷизоту техника беш аз 6 соат бетанаффус манъ аст. Ҳар як шаш соат мебояд танаффус кард. Ғайр аз ин, дар вақти хуроки нисфирӯзӣ бояд «соати ором» бошад.

Дар бораи иҷозаи то кадом вақт анҷом додани корҳои таъмир дар ин маводи мо маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.