Аз оғози сол дар Тоҷикистон 7,4 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ барҳам дода шуд

Дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 7,4 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон барҳам дода шуданд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Аз ин шумор наздики 7,1 ҳазорашон ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ва 319 ададашон ба сифати ширкату корхонаҳо (шахсони ҳуқуқӣ) фаъолият доштанд. Бо вуҷуди ин, шумори умумии субъектҳои хоҷагидории амалкунанда (ширкату корхонаҳо ва соҳибкорони […]

Дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 7,4 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон барҳам дода шуданд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Аз ин шумор наздики 7,1 ҳазорашон ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ва 319 ададашон ба сифати ширкату корхонаҳо (шахсони ҳуқуқӣ) фаъолият доштанд.

Бо вуҷуди ин, шумори умумии субъектҳои хоҷагидории амалкунанда (ширкату корхонаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ) дар давоми сол 688 адад афзуда, то 1 апрели соли равон 344,5 ҳазор ададро ташкил додааст.

Дар семоҳаи аввали ҳамин сол ҳудуди 10,8 ҳазор субъектҳои нави хоҷагидорӣ таъсис дода шудааст, ки 2,7 ҳазор бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Беш аз 28%-и ширкату корхонаҳо дар қаламрави вилояти Хатлон, ҳудуди 27% – дар вилояти Суғд, 25% – дар шаҳри Душанбе, зиёда аз 15% – дар Ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳудуди 5% – дар ВМКБ фаъолият мекунанд.

Ширкату корхонаҳои Тоҷикистон асосан дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои тиҷорату маориф, хидматрасонӣ, бахши бонкӣ, сохтмон ва саноати коркард ба фаъолият машғуланд.

Байни соҳибкорони инфиродӣ 55%-ашон фермерҳо буда, 33%-ашон бо патент в ҳудуди 12%-ашон бо шаҳодатнома кор мекунанд.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда то 1 апрели соли ҷорӣ 670 адад зиёд шуда, ҳудуди 307 ҳазор адад расидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.