Даргузашти Шушкевич нахустин роҳбари Белорус ва яке аз имзокунандагони санади фурӯпошии Шӯравӣ

Станислав Шушкевич, нахустин роҳбари Белорус пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Минск, бар асари беморие, ки дошт, субҳи имрӯз, 4-уми май дар сини 87-солагӣ даргузашт.  Дар бораи марги Шушкевич ҳамсараш Ирина Шушкевич хабар додааст.  Шушкевич аз соли 1991 то 1994 раиси Шӯрои Олии Белорус буд. Ин сиёсатмадор солҳои тӯлонӣ ҳизби "Грамадаи сотсиалдемокоратии Белорус"-ро раҳбарӣ мекард ва […]

Asia-Plus

Станислав Шушкевич, нахустин роҳбари Белорус пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Минск, бар асари беморие, ки дошт, субҳи имрӯз, 4-уми май дар сини 87-солагӣ даргузашт.  Дар бораи марги Шушкевич ҳамсараш Ирина Шушкевич хабар додааст. 

Шушкевич аз соли 1991 то 1994 раиси Шӯрои Олии Белорус буд.

Ин сиёсатмадор солҳои тӯлонӣ ҳизби "Грамадаи сотсиалдемокоратии Белорус"-ро раҳбарӣ мекард ва аз мунтақидони сарсахти Лукашенко, раҳбари кунунии кишвар буд.

Шушкевич дар баробари Борис Елтсин президенти вақти Русия ва Леонид Кравчук раисҷумҳури онзамонии Укроин "Созишномаи Беловежск"-ро имзо карданд, ки фурӯпоошии Иттиҳоди ҷамоҳури Шӯравиро расман таъйид кард. Ин Созишнома барҳам хӯрдани ИҶШС ва таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақилро замонат медод. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.