Нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон 70% иҷро шуд

Дар зарфи як моҳ нақшаи даъват ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 70% иҷро шуд. Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. “Ин […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар зарфи як моҳ нақшаи даъват ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 70% иҷро шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

“Ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аст, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, то ин дам 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд.

Иҷрои нақшаи даъват дар ноҳияҳои тобеи марказ зиёда аз 70%-ро ташкил дода, дар ин давра ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ҳисобот доданд.

Ба иттилои манбаъ, нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 70% ва дар вилояти Суғд – 55%-ро ташкил медиҳад.

“Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, ба хусус, ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист, барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан, ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд”, – зикр мегардад дар хабар.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки тибқи он хизмати пулакии ҳарбӣ низ пешбинӣ гардид. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул хидмати ямоҳаи ҳарбиро адо намуданд.

Ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ умр ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо муҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.