DABS: Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон аз барқ беш $100 млн қарздор шуд

Афғонистон барои истифодаи барқе, ки аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ин кишвар интиқол дода мешавад, зиёда аз 100 млн доллар қарздор шуд, хабар медиҳад Tolo news бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об. Гуфта мешавад, намояндаи Вазорат Ахтар Муҳаммад Нусрат зикр кардааст, ки онҳо ба пардохти қарз омодаанд, лекин бонкҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ айни […]

Афғонистон барои истифодаи барқе, ки аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ин кишвар интиқол дода мешавад, зиёда аз 100 млн доллар қарздор шуд, хабар медиҳад Tolo news бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об.

Гуфта мешавад, намояндаи Вазорат Ахтар Муҳаммад Нусрат зикр кардааст, ки онҳо ба пардохти қарз омодаанд, лекин бонкҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ айни замон дар мавриди интиқоли пул мушкилӣ доранд.

Tolo news менависад, роҳбари собиқи ширкати энергетикии афғонии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) Амонулло Ғоиб изҳор доштааст, ки Афғонистон дар як сол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои хариди барқ ҳудуди 300 млн доллар пардохт мекунад.

“Қисмати зиёди барқро Афғонистон аз Ӯзбекистон мехарад, ки ҳудуди 108 млн долларро дар як сол ташкил медиҳад. Айни замон дар пардохт бо суратҳисобҳо мушкил ҷой дорад”, – гуфтааст ӯ ва илова намудааст, ки даргириҳо дар Украина кору амалиётҳои бонкиро барои кишварҳои ҳамсоя душвор кардааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода хабар дод, ки қарзи DABS назди Тоҷикистон аз барқ ба 33 млн доллар баробар аст.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти ширкати энергетикии Афғонистон ваъда дода буд, ки моҳи феврал бо Тоҷикистон қарзашро ҳисоббаробарӣ мекунад.

Моҳи феврал Асозода хабар дод, ки қарз то 27 млн доллар коҳиш ёфта, ширкати Афғонистон моҳи январ 2 млн ва моҳи феврад 4 – млн доллари қарзро пардохт.

Ба назари коршиносон, Афғонистон зиёда аз 80% барқро аз кишварҳои ҳамсоя мегирад ва агар ин кишварҳо интиқолро қатъ кунанд, манзили зиёда аз 10 млн афғонҳо бе барқ мемонад.

Мушкили асосии пардохт нашудани қарзро роҳбари “Барқи тоҷик” ба вазъи душвор дар низоми бонкии Афғонистон марбут медонад. Ӯ таъкид дошт, ки айни замон бонкҳои Афғонистон ба DABS ҷиҳати пардохти маблағи барқ аз Тоҷикистон танҳо 2 млн доллар дар як ҳафта дода метавонанд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки  барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми начандон зиёд – шабонарӯзӣ 40 мегаватт-соат интмиқол дода шуда, дар мавсими баҳору тобистон (моҳҳои май-сентябр) ҳаҷми интиқол то 400 мегаватт-соат зиёд мешавад.

Охири моҳи декабри соли гузашта “Барқи тоҷик” ва DABS  ба замимаи созишномаи дар соли 2008 имзошуда дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон то соли 2028 протокол ба имзо расониданд.

Ба ғайр аз ҳаҷмҳои зикршуда дар протокол зикр шудааст, ки барои ҳар як киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон DABS 4,67 сент пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, соли 2021 Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 635,9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) барқ интиқол додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.