Дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон нақби махфие пайдо кардаанд

Дар деҳаи Телмани ноҳияи Қара-Сууии вилояти Ӯши Қирғизистон нақби махфие пайдо карданд, ки Қирғизистонро бо Узбекистон мепайвандад. Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, нақб дар умқи 15 метр ва дар фосилаи 40 метр аз марз ҷойгир аст. Дарозии нақб 270 метрро ташкил медиҳад. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, соҳиби замине, ки нақб дар ҳудуди он пайдо […]

Asia-Plus

Дар деҳаи Телмани ноҳияи Қара-Сууии вилояти Ӯши Қирғизистон нақби махфие пайдо карданд, ки Қирғизистонро бо Узбекистон мепайвандад.

Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, нақб дар умқи 15 метр ва дар фосилаи 40 метр аз марз ҷойгир аст. Дарозии нақб 270 метрро ташкил медиҳад.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, соҳиби замине, ки нақб дар ҳудуди он пайдо шудааст, айни замон дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ табобат мегирад.

Дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон 15 гузаргоҳ амал мекунад. Дарозии марзи ду кишвар 1378 км аст, ки 85 дарсади он ва ё 1170 км муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.