Аз оғози сол 37 нафар дар Тоҷикистон ғарқ шуданд

Аз оғози соли равон дар кӯлу дарё ва наҳру ҳавзҳои Тоҷикистон 37 нафар, аз ҷумла 20 нафар ноболиғон ғарқ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. Ба гуфтаи ӯ, сабаби ғарқшавии кӯдакон аксар вақт беэҳтиётӣ ва беназорату нигоҳубин гузоштани онҳо аст. “Танҳо дар ҳафтаи гузашта ду ноболиғ ва […]

Аз оғози соли равон дар кӯлу дарё ва наҳру ҳавзҳои Тоҷикистон 37 нафар, аз ҷумла 20 нафар ноболиғон ғарқ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби ғарқшавии кӯдакон аксар вақт беэҳтиётӣ ва беназорату нигоҳубин гузоштани онҳо аст.

“Танҳо дар ҳафтаи гузашта ду ноболиғ ва як духтарчаи 2-сола бар асари бе назорат гузошта шудан аз ҷониби волидон ғарқ шуданд, – гуфт ӯ. –  Ҷустуҷӯи ҷасади духтарчаи 2-сола аз шаҳри Ваҳдат, ки рӯзи 27 май ғарқ шуд, то ҳол идома дорад. Духтарчаи сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати “Бӯронов” ба наҳри (канали) паҳлӯи хонаашон афтодааст”.

Бино ба гузориши қисми навбатдории Кумита як сокини 14-солаи деҳаи Хоҷамуъмини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа ғарқ шудааст.

Ин ҳавзро сокинон барои обхӯрии ҳайвоноти хонагии худ сохта буданд. Сокинон ҷасади ноболиғро аз об берун оварда ба волидонаш супурданд. Сабаби фоҷеа беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст.

Дар ҳодисаи дигар писарчаи 14-сола, сокини деҳаи Савдаи ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав дар наҳри (канали) калон ғарқ шудааст. Подабон ҷасади ӯро дар соҳили канал дидаву ба мақомот хабар додааст.

Кумита бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки гарм шудани дамои ҳаво одамонро новобаста ба синну сол ба сӯи соҳили рӯду каналу ҳавзҳо тела медиҳад. Талош кунед фарзандонатонро беназорат нагузоред. Бахусус онҳое, ки шиноварӣ наметавонанд, ба ҷони худ ҷабр мекунанд. Ин вазифаи калонсолон аст, ки пайваста онҳоро аз хатарҳои вориди об шудан огоҳ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.