Гурӯҳе аз соҳибкорони қирғиз дар назди бинои ҳукумат эътироз кардаанд

Гуруҳе аз соҳибкорони Қирғизистон 30 май дар назди бинои маъмурияти президент ва девони вазирони он кишвар дар шаҳри Бишкек зидди истифодаи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ (ДКН) тазоҳурот мекунанд. Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар тазоҳурот ҳудуди 100 одам ҷамъ шуда, дар даст лавҳаҳоеро бонавишта "Соҳибкорон зидди ДКН!" ва "Патентро бимонед!" доранд. "Мо бе ин […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Гуруҳе аз соҳибкорони Қирғизистон 30 май дар назди бинои маъмурияти президент ва девони вазирони он кишвар дар шаҳри Бишкек зидди истифодаи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ (ДКН) тазоҳурот мекунанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар тазоҳурот ҳудуди 100 одам ҷамъ шуда, дар даст лавҳаҳоеро бонавишта "Соҳибкорон зидди ДКН!" ва "Патентро бимонед!" доранд.

"Мо бе ин ҳам андозро се бор, тавассути ширкат, миёнарав ва расид мепардозем. Тариқи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ бори чаҳорум мешавад. Мо ба истифодаи ин дастгоҳҳо омода нестем, бигузор патент боқӣ монад", – гуфт яке аз таҷаммуъгарон.

Рӯзи 30 май як гуруҳ аз оҳибкорони шаҳри Таласи Қирғизистон низ ба нишони эътироз таҷаммуъ кардаанд.

Сокинони Қирғизистон пештар низ зидди роҳандозии дастгоҳҳои мазкур дар бозорҳои "Дордой" ва "Дордой-Моторс" низ тазоҳурот карда буданд.

Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.