Дар Олмон 5 шаҳрванди Тоҷикистонро барои тарҳрезии амалҳои террористӣ равонаи зиндон карданд

Додгоҳи шаҳри Дюсселдорфи Олмон панҷ нафар зодагони Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо гуруҳи Давлати исломӣ (ДОИШ) ва тарҳрезии амалҳои террористӣ дар ин кишвар ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад маркази матбуоти додгоҳи Дюсселдорф. Мурофиаи додгоҳӣ нисбат шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 25 то 34-солаанд, аз 19 то 31 май давом кардааст. Гуфта мешавад, додгоҳ Суннатулло […]

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Дюсселдорфи Олмон панҷ нафар зодагони Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо гуруҳи Давлати исломӣ (ДОИШ) ва тарҳрезии амалҳои террористӣ дар ин кишвар ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад маркази матбуоти додгоҳи Дюсселдорф.

Мурофиаи додгоҳӣ нисбат шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 25 то 34-солаанд, аз 19 то 31 май давом кардааст.

Гуфта мешавад, додгоҳ Суннатулло К.-ро ба 9,6 сол, Фарҳод К.-ро – ба 8,6 сол, Азизҷон Б.-ро ба 6,8 сол, Муҳаммадалӣ Г.-ро ба 3,8 сол ва Комрон Б.-ро ба 4,8 соли зиндон маҳкум кард.

“Дар доираи омодагӣ ба ҷиҳоди мусаллаҳона гумонбарон аз моҳи январи соли 2019 дар чат бо яке аз пешвоёни Давлати исломӣ дар Афғонистон робита дошта, аз лиҳози таблиғотӣ таълим гирифтаанд”, – омадааст дар хабари додгоҳ.

Гуфта мешавад, ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, айборшудагон ва адвокатҳои онҳо метавонанд ба зинаи таҷдиди назар шикоят кунанд, ки онро Додгоҳи федералӣ баррасӣ мекунад.

Тавре ки Deutsche Welle иттилоъ медиҳад, зодагони Тоҷикистон дар Олмон нимаи моҳи апрели соли 2020 боздошт шуданд. Онҳо барои дарёфти паноҳгоҳ ба ин кишвар омада буданд.

Гуфта мешавад, нахуст пешбинӣ шуда будааст, ки онҳо ба Тоҷикистон рафта, дар амалҳои мусаллаҳонаи зиддиҳукуматӣ дар сафи террористони ДОИШ иштирок мекунанд, лекин баъдан таваҷҷуҳи онҳо ба ҳадафҳо дар Олмон равона мешавад.

Аз ҷумла, онҳо ба омӯзиши имконоти ҳамла ба ду пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Олмон, ба қатл расонидани як эронии ба динӣ насронӣ гузашта ва интиқодгари дини ислом шурӯъ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.