Эрон силоҳҳо ва таҷҳизоти низомии ҳукумати пешини Афғонистонро дубора ба “Толибон” додааст

Расонаҳои "Толибон" хабар медиҳанд, ки Эрон таҷҳизоти низомии ҳукумати пешини Афғонистонро, ки дар замони суқуқти Кобул ба дасти "Толибон" ба ин кишвар бурда шуда буданд, дубора ба ин гурӯҳ таслим кардааст. Дар ин бора хабаргузории расмии "Толибон" – "Бохтар" хабар медиҳад. Ба навиштаи манбаъ, ин таҳҷизот шаби гузашта аз тариқи бандари Исломқалъа вориди Афғонистон шудаанд. […]

Расонаҳои "Толибон" хабар медиҳанд, ки Эрон таҷҳизоти низомии ҳукумати пешини Афғонистонро, ки дар замони суқуқти Кобул ба дасти "Толибон" ба ин кишвар бурда шуда буданд, дубора ба ин гурӯҳ таслим кардааст. Дар ин бора хабаргузории расмии "Толибон" – "Бохтар" хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, ин таҳҷизот шаби гузашта аз тариқи бандари Исломқалъа вориди Афғонистон шудаанд. Дар як наворе, ки ин хабаргузорӣ нашр кардааст, дида мешавад мошинҳои борбарӣ таҷҳизоти низомиро аз марзи Исломқалъа вориди вилояти Ҳироти Афғонистон мекунанд. 

Соли гузашта дар пайи шадид шудани ҷангҳо дар рӯзҳои охири ҳукумати собиқи Афғонист, бархе аз низомиён чанде аз таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла силоҳ, муҳиммот ва мошинҳои махсуси неруҳои амниятиро ба Эрон бурда буданд. 

Аммо Толибон то кунун дар бораи миқдори  ин таҳҷизот чизе нагуфтаанд. 

Дар пайи фирори Ғанӣ ва суқути ҳукумат ба дасти "Толибон" беш аз 60 чархболу тайёраҳои неруҳои амниятии Афғонистон ҳам аз фурудгоҳҳои Мазори Шарифу Кобул ба Ӯзбекистон Тоҷикистон ҳам оварда шуданд.

Толибон аз он замон то кунун талоши баргардонии ин чархболу тайёраҳоро доранд.  Вале Тоҷикистон Ӯзбекистон бо Амрико дар музокира шуда, аз додани ин чархболу тайёраҳо ба "Толибон" худдорӣ карданд.

Вазорати дифои Амрико ҳам изҳорот дод, ки ин чархболу тайёраҳо ба Толибон дода намешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.