Баъди Далеру Абдуллоҳ, Завқибеку Пирмуҳаммадзода низ боздошт шуданд. “Шикор”-и журналистон чӣ паём дорад?

Тайи камтар аз як моҳи охир 4 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шуданд. Мақомот дар бораи боздошти онҳо шарҳи расмӣ намедиҳанд ва маълум нест, ки онҳо ба чӣ гумонбар мешаванд. Наздикони боздоштшудаҳо аз тақдири ояндаи онҳо нигаронанд. Шоми 8 июли соли равон, Завқибек Саидаминӣ, хабарнигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳи […]

Тайи камтар аз як моҳи охир 4 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шуданд. Мақомот дар бораи боздошти онҳо шарҳи расмӣ намедиҳанд ва маълум нест, ки онҳо ба чӣ гумонбар мешаванд. Наздикони боздоштшудаҳо аз тақдири ояндаи онҳо нигаронанд.

Шоми 8 июли соли равон, Завқибек Саидаминӣ, хабарнигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳи як дӯсташ дар Душанбе боздошт шудааст.

Наздиконаш гуфтаанд, ӯро одамҳои ношинос аз назди як Маркази шустушӯи нақлиёт дар Душанбе ба мошини сиёҳ шинонида, ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат бурдаанд.

Бо гузашти чор рӯз маълум нест, ки Завқибек чаро боздошт шуду ба чӣ гумонбар мешавад, мақомот шарҳе намедиҳанд.

Пас аз як рӯзи боздошти Саидаминӣ, мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро бори дуввум ба бозпурсӣ хонда, ӯро дигар ҷавоб надоданд. Аз ин пештар, рӯзи 7 июл Пирмуҳаммадзода аз сӯи мақомот  бозпурсӣ шуда буд. Наздиконаш гуфта буданд, ки мақомот хонаашро кофтуков ва телефонашро мусодира кардаанд.

Яке аз наздикони Абдусаттор бо шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфтааст, аз Абдусаттор хостаанд, дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нанависад, танҳо дар мавзуъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ нависад.

“Гуфтаанд, огоҳии охирин аст. Телефонашро гирифта, дар ҳузури чанд “шоҳид” дар шабакаҳои иҷтимоӣ “лайк”-у “коммент”-ҳоеро аз номи ӯ нишон додаанд, ки гӯё зери навори гурӯҳҳои ифротгаро гузошта шудааст. Вай ин корро накардааст. Телефон дар дасти намояндагони мақомот буд, зоҳиран аз номи ӯ гузоштаанд”, – афзудааст яке аз наздикони Абдусаттор.

Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, кормандони пешини радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон, солҳои охир асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ назару андешаҳои худро баён медоштанд. Махсусан, пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҳо аз ангуштнамо рӯзноманигороне буданд, ки ба ҳимоят аз онҳо садо баланд карданд.

Қазияи Далеру Абдуллоҳ ва хомӯшии созмонҳои журналистии Тоҷикистон

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик рӯзи 15 июн аз сӯи додситони ноҳияи Шоҳмансур  боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Далери Имомалӣ, ки аз ҷониби додситони ноҳияи Шоҳмансур мутобиқи моддаи 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ) ва аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) боз шуда буд, моддаи нав – 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнуъ") гунаҳгор дониста мешавад.

Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби додситони  ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Далери Имомалӣ қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ Ғурбатӣ иттиҳомро пурра рад мекунад ва худро бегуноҳ медонад.

Боздошти якбора чанд журналисти тоҷик дар ду моҳи охир, вокунишҳоеро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба бор овард. Бархе созмонҳои журналистӣ ин қазияҳоро фишор ба фаъолияти журналистон ва як навъ зери контрол гирифтани фазои иттилоотӣ унвон мекунанд.

Чанд рӯзноманигор ба таври ҷудогона ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва шахсиятҳои алоҳида хостаанд, мақомот онҳоро раҳо кунанд. Вале то ин дам ҳеҷ созмони маҳаллии кор бо рӯзноманигорон, аз ҷумла Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои ВАО дар бораи боздошти рӯзноманигорон чизе нагуфтаанд. Вале бархе соҳибназарон мегӯянд, қадами баъдии онҳо чизе ҳам бошад, бенатиҷа аст.

“Худсензурӣ” бештар мешавад 

Ҳуриниссо Ализода, журналист ва роҳбари Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон қазияҳои охир болои журналистони алоҳида ва расонаҳоро ҳамчун фишор болои журналистон арзёбӣ кард ва гуфт, ки он дар оянда барои ҳамкасбонаш то андозае “худсензурӣ”-ро бештар месозад ва дар навиштани матолиби интиқодӣ эҳтиёткор мегардонад.

– Вале ин боз ба касбият, ҷасорат, воқеънигорӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқии касбии ҳар як журналист вобаста аст,- илова кард Ализода.

“Кӯшиши таҳти контрол гирифтани фазои иттилоотӣ”

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи қазияҳое ки сари журналистон омадааст, кӯшиши маҳдуд кардани фаъолияти журналистон ва расонаҳо аст.

– Мавқеи мо ин аст, ки журналистон набояд мавриди фишор ва таъқиб қарор гиранд. Яъне  ҳодисаҳое ки марбут ба расонаву журналистони мустақил тайи чанд вақти охир рух доданд, ин кӯшиши таҳти контрол гирифтани фазои иттилоотӣ ва фишор ба журналистону расонаҳои мустақил аст,- гуфт Нуриддин Қаршибоев.

Роҳбари ин ду созмони журналистӣ гуфтанд, то ба анҷом расидани тафтишот ва ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи журналистон, наметавонанд вокуниш кунанд, чун мақомот метавонанд онро чун фишор болои тафтишот қабул кунанд.

“Поккории шадид дар сафи журналистон идома меёбад”

Дар ҳамин ҳол, Хуршед Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки вақт нишон дод, ки созмонҳои журналистиро касе ба “пули пучак намехарад” ва ба гуфтаи ӯ дар ин қазияҳо қадами баъдии онҳо ҳам барабас ва кӯшиши беҳуда аст.

Ӯ гуфт, “фишор ба журналистон аз ин бештар намешавад, вале ба гумонам поккории шадид миёни рӯзноманигорон идома меёбад”.

Ба ғайр аз боздошти рӯзноманигорону блогерон чанд хабарнигори дигар низ гуфтанд, зери фишору бозпурсӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гаштааст ва худашон ҳушдор гирифтаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.