Истеҳсоли гӯшти моҳӣ ва тухм дар Тоҷикистон зиёд шуд

Нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,2% зиёд шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ. Бино ба маълумоти Вазорат, дар ин давра дар Тоҷикистон бештар истеҳсоли моҳӣ (ба андозаи 26,5% нисбат ба 6 моҳи соли 2021), тухми мурғ (24,5%), мева (12,1%), гӯшти мурғ (11,5%) ангур […]

Нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,2% зиёд шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Вазорат, дар ин давра дар Тоҷикистон бештар истеҳсоли моҳӣ (ба андозаи 26,5% нисбат ба 6 моҳи соли 2021), тухми мурғ (24,5%), мева (12,1%), гӯшти мурғ (11,5%) ангур (11,2%), тарбузу харбуза (7,6%) ва зироати ғалладона (5,9%) афзудааст. Ҳаҷми афзоиш дар боқимонда навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз 2 то 5%-ро ташкил медиҳад.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ зиёда аз 1 ҳазору 145 тонна моҳӣ, 576,1 млн дона тухм, 116,3 ҳазор тонна мева, 20,3 ҳазор тонна гӯшти мурғ, 2,4 ҳазор тонна ангур, беш аз 283 ҳазор тонна тарбуз ва харбуза, 688 ҳазор тонна зироати ғалладона истеҳсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар муоқиса бо 6 моҳи соли гузашта истеҳсоли пилла ба андозаи 13,9% (378 тонна) ва асал – ба миқдори 4% (607 тонна) кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.