Дар Тоҷикистон 673 корхона аз фаъолият бозмондаанд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 июл сабабҳои асосии аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро шарҳ дод. Бино ба гуфтаи вай, ба ҳолати то 1 июли соли 2022 дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар ин давра тибқи маълумоти вазир, […]

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 июл сабабҳои асосии аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро шарҳ дод.

Бино ба гуфтаи вай, ба ҳолати то 1 июли соли 2022 дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар ин давра тибқи маълумоти вазир, 673 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла 583 корхонаҳои мавсимӣ ва 77 корхонаи фаъолияташ қатъшуда.

Шумори чунин корхонаҳо дар Душанбе 25 адад, вилояти Хатлон – 13, Суғд – 47 ва ВМКБ – 5 ададро ташкил медиҳад.

Вазир гуфт, сабаби аслии фаъолият накардани ин корхонаҳо дар он аст, ки онҳо дар марҳилаи барҳамдиҳӣ ва муфлисшавӣ қарор доранд.

Вазир изҳор намуд, ки аксарияти ин корхонаҳо мушкили молиявӣ дошта, бисёре аз онҳо аз андоз қарздоранд ё бо бонкҳо баҳсҳои амволӣ доранд.

“Инчунин қисмате аз корхонаҳо бо сабаби фарсудашавӣ ё мавҷуд набудани таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ, надоштани иҷозатнома ва харидор надоштани маҳсулоташон дар бозор кор намекунанд”, – иброз дошт Шералӣ Кабир.

Дар ҳамин ҳол, вазир дар бораи корхонаҳои нави имсол таъсисёфта низ маълумот дода, зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 137 корхонаи нав ва 47 коргоҳ (сех) ба фаъолият оғоз намуда, дар онҳо ҳудуди 4 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.