Муроҷиатҳо барои ёрии тиббӣ дар Душанбе бар асари гармӣ зиёд шуд

Муроҷиатҳо ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии Душанбе бар асари гармӣ зиёд шудааст. Дар як рӯз беш аз 300 нафар сокинони пойтахт муроҷиат мекунанд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” муовини директори Марказ Раҳимҷон Раҳимов хабар дод, ин нишондиҳанда10-15% зиёдтар нисбат ба рӯзҳои муқаррарӣ аст. “Одамон бо шикоятҳои баландшавии фишори хун, мушкилоти роҳҳои нафаскашӣ, бемориҳои дилу раг, инчунин […]

Муроҷиатҳо ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии Душанбе бар асари гармӣ зиёд шудааст. Дар як рӯз беш аз 300 нафар сокинони пойтахт муроҷиат мекунанд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” муовини директори Марказ Раҳимҷон Раҳимов хабар дод, ин нишондиҳанда10-15% зиёдтар нисбат ба рӯзҳои муқаррарӣ аст.

“Одамон бо шикоятҳои баландшавии фишори хун, мушкилоти роҳҳои нафаскашӣ, бемориҳои дилу раг, инчунин бадшавии кори узвҳои ҳозима муроҷиат менамоянд”, – гуфт ӯ.

Раҳимов зикр кард, ки ҳарчанд ҳаво ниҳоят гарму муроҷиатҳо зиёд шуда бошанд ҳам, лекин шумори марги одамон зиёд нашудааст.

Ӯ ба шахсони гирифтор ба бемориҳои гуногун тавсия дод, ки аз сафару сайругаштҳо худдорӣ намуда, доруҳояшонро саривақт истеъмол кунанд.

“Дар ҳавои ниҳоят гарм рагҳои хунгард васеъ шуда, гардиши хун тезтар ва арақкунӣ зиёд мешавад. Талаф ёфтани оби бадан аз арақкунӣ метавонад ба вайрон шудани тавозуни обу намак, бад шудани кори низоми дилу рагҳо ва рӯдаву меъда боис гардад”, – илова намуд Раҳимов.

Ёдрас мекунем, ки айни замон қариб дар саросари дунё, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ обуҳавои ниҳоят гарм ҳукмфармо аст.

Тавре ки Podrobno.uz хабар медиҳад, бар асари гармӣ ба Хадамоти ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббии Ӯзбекистон беш аз 130 ҳазор нафар муроҷиат намуда, 4 ҳазору 215 кас дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикисто, то 23-уми июл дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди рекордӣ гарм мешавад. Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо  дар водиҳо ба 39-44 дараҷа мерасад, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар 45-47 ва дар навоҳии ҷудогонаи наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ ба 35 + 40 дараҷа хоҳад расид.

Дар ин робита риоя намудани тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин рӯзҳои гарм муфид ва аз манфиат холӣ нест:

– тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;

– ҳангоми тоза кардани ҳавои манзил дар рӯзҳо ва шабҳои гарм кӯдаконро дар хона тани танҳо нагузоред;

– як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ аз вақт ба вақти дигар манзил ва атрофро об пошед;

– агар дар хона ҳавополо доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд; 

– нагузоред, ки ҳарорати баданатон хеле гарм шавад, бештар об нӯшед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;

– аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;

– дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, то имкон доред, худро эҳтиёт кунед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;

– бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нӯшед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед;

– бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;

– шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;

– ва бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.

Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд дар гармо чӣ бояд кунанд?

1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ доштабошанд.

2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, бояд истеъмол кунанд.

3. Бо худ бояд оби бегаз дошта бошанд.

4. Доштани рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ шарт аст, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кунанд ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ доранд.

5. Дар офтоб худро насӯзонанд ва кӯшиш кунанд аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯянд.

6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашаванд.

7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшанд.

8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшанд.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаранд, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунанд. 

10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоянд ва сигор ҳам накашанд.

 Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 223-13-11 ва ё 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.