“Муфаттиш хунукназарӣ кард” Норозигии наздикони Манора аз тафтишоти пешакии Додситонии кул

Наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд, аз натиҷаи тафтиши пешакии Додситонии кулли кишвар, ки гуфта мешуд, ӯ худкушӣ кардааст, норозианд. Онҳо бо ирсоли ду нома ба Додситонии кул, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” ҳам расид, дархост кардаанд, ки санҷиши минбаъдаи парвандаи Манораро шахсан […]

Наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд, аз натиҷаи тафтиши пешакии Додситонии кулли кишвар, ки гуфта мешуд, ӯ худкушӣ кардааст, норозианд.

Онҳо бо ирсоли ду нома ба Додситонии кул, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” ҳам расид, дархост кардаанд, ки санҷиши минбаъдаи парвандаи Манораро шахсан Додситони кул зери назорат гирад.

Дар ин номаҳо волидонаш аз кори муфаттишони додистонии Файзобод ва Додситонии кулл, ки парвандаро таҳқиқ кардаанд, нигаронӣ карда, афзудаанд, ки маҳз бепарвогӣ ва хунукназарии муфаттишон сабаб шудааст, ки беш аз 8 моҳ ба гуфтаи онҳо, ҷинояткорон дарёфт ва нисбаташон ҷазо таъин карда нашудааст.

Онҳо иддао доранд, ки дар рафти тафтиши парванда баъзе ваҷҳҳо, махсусан набудани изи ангушти духтараш дар корде, ки гӯё ӯ худкушӣ кардааст, захмҳои мухталиф дар гардан ва шикам, ҳамчунин, шахсоне, ки дар лаҳзаҳои охир бо духтараш буданд ва панҷ дақиқа пас аз маргаш аз хонаи ӯ баромаданд, инчунин, шоҳидии духтарони хурдсоли марҳуму шоҳидони зиёди дигар пурра санҷида нашудааст.

– Тибқи изҳороти Прокуратураи генералӣ, Абдуалимзода Манора дар натиҷаи муносибати бераҳмонаи хешовандон худро ба марг расонидааст. Дар ҳолеcт, ки мақомоти тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки сабаби марги Манора ин ба худкушӣ расонидани ӯ мебошад, пас чаро нисбати шахсони мушаххас парвандаи ҷиноятӣ оғоз намекунад? Шояд авфи навбатиро интизор аст, то гунаҳкорон бо татбиқи авф аз адои ҷазо озод карда шаванд, – зикр намудаанд наздикони Манора дар мактубашон ба додситонӣ.

Онҳо бар ин назаранд, ки духтарашонро маҳз хешовандони шавҳараш, аз ҷумла хушдоманаш, хоҳари шавҳараш (қайсингул) ва шавҳари хоҳарарӯсаш ба худкушӣ расонидаанд ва онҳо барои ин кирдорашон бояд дар назди қонун ҷавоб диҳанд.

– Тибқи баёноти шоҳидони зиёде, ки дар парванда мавҷуданд, ҳамчунон тибқи баёноти тарафи муқобил муносибати аҳли оилаи шавҳар бо келин (Манораи Абдуфаттоҳ-дар назар аст) басо бад буд. Яъне аз тарафи хушдоман хоҳари шавҳараш ҳамвора фишори ҷисмониву рӯҳӣ нисбати Манора татбиқ мешуд,- омадааст дар мактуб.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Додситонии кулли кишвар тафтиши пешакии далели марги Манораи Абдуфаттоҳ худкушӣ номида буд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Додситонии кулл гуфта буд, ки сарфи назар аз далелҳои пешакӣ, тафтиши парванда идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, падари Манора – Абдуфаттоҳ Мисоқов бовар надорад, ки духтараш худаш ба ҷисмаш бо корд 26 зарба зада тавониста бошад ва он ҳам бисёри зарбаҳо дар қисмати гардан.

Қаблан падари Манора дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, як сол боз даҳҳо мактуб навишта, аз мақомот тафтиши одилонаи марги духтарашро хостааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан прокуратураи ноҳияи Файзобод бо моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ба худкушӣ расонидан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, вале касе аз рӯйи ин далел гумонбар дониста нашуд.

Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонии Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.